Пайвандҳои дастрасӣ

"Фарзанди президент будан хубай"


Каюмарси Ато: Душанбе Кӣ намехоҳад, падари ӯ райиси ҷумҳури кишваре бошад, ки ҳафт миллион аҳолӣ дорад? Ва кӣ ҷонибдори он нест, ки ҳамешагӣ бо муҳофиз, мошинҳои хориҷӣ гардад ва донишҷӯйи шояд яке аз донишгоҳҳои бонуфузи дунё бошад? Шояд бисёриҳо инро мехоҳанд ва орзу ҳам мекунанд.

Аммо агар аз дунёи орзуҳо бигзарем ва дурусттар бингарем на ҳамаи падарон имкони райиси ҷумҳур шуданро доранд. Вале агар раиси ҷумҳур шаванд, чӣ гуна эҳсос хоҳем дошт, ифтихор хоҳем кард ё чизи дигар.


Хонум Сафина Ғаффорова - духтари Абдуҳалим Ғаффоров, номзад ба мақоми райиси ҷумҳур мегӯяд, ӯ ҳанӯз духтари президент нест, аммо мехоҳад пас аз пирӯзии падари худ мардуми вомонда ва ҷавононро дастгирӣ кунад:


"Ман ҳоли духтари президент нашудаам, ин ҳиссиётро надорам ва чизе гуфта наметавонам. Он вақт агар шароити зиндагиам беҳтар шавад, мехоҳам ба ҷавонон ва афроди калонсол кӯмак расонам ва дарди дили ватанам, дарди дили тоҷиконро фаҳмам. Ва кӯшиш кунем, ки кишварамон гулгулшукуфон шавад. Ин тавр не ки падарам президент шаваду мо ба дигар кишварҳо барои таҳсил ва зиндагӣ равем."

Сафина Ғаффорова меафзояд, онҳо дар хонаводаашон ҳафт фарзанд мебошанд. Худи ӯ донишҷӯйи соли чоруми донишкадаи давлатии забонҳо, як бародараш донишҷӯйи донишгоҳи Санкт-Петербурги Русия мебошанд. Сафина мегӯяд, агар падараш раиси ҷумҳур интихоб шавад, эшон ҳамчун фарзандони президент Абдуҳалим Ғаффоров ҳаргиз аз мардум ва ҷомиаи ҷавонон худро канор нахоҳанд гирифт.


Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури феълии Тоҷикистон нӯҳ фарзанд дорад. Агарчӣ доир ба таҳсилу вазъи зиндагии онҳо сару садоҳо зиёд аст, аммо онҳоро дар ҷамъомадҳо ва хиёбонҳои Душанбе ба сахтӣ метавон дид.


Баъди анҷоми мусоҳиба бо Сафина Ғаффорова дар роҳ аз чанд ҷавони тоҷик суол кардам, ки оё мехоҳанд, фарзанди президент бошанд ва агар мебуданд, чӣ гуна рафтор мекарданд. Бештари ҳамсӯҳбатонам гуфтанд, агар падари онҳо президент мешуд, онҳо дар кишварҳои мутараққии дунё таҳсил мекардаанд.


Яке аз онҳо гуфт: "Ман мехоҳам, ки падарам президент бошад, вале ман мехоҳам, ки дар замони президент будани вай бисёртар хонам, чунки ҳозир ягон чиз бепул намешавад. Барои хондан ва рафтан маблағ лозим аст ва агар ин маблағ мешуд, мо барои хондан ба Русия ва Амрико мерафтем, то донишамонро зиёдтар мекардем."


Аксари мусоҳибони ҷавонам ба ин суол, ки писари раиси ҷумҳур будан мехоҳед, бо хушҳолӣ посух медоданд ва посухашон мусбат буд. Аммо ҳеҷ яке аз онҳо нагуфт, ки писари президент будан намехоҳад, балки мехоҳад, ҷавони муборизе бошад, ки битавонад бо саъйи худ, раиси ҷумҳури ояндаи Тоҷикистон шавад.
XS
SM
MD
LG