Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари паҳлавонони тоҷик ба Булғористон


Паҳлавонони тоҷик барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо рӯзи 31 октябр озими Булғористон шуданд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ва раҳбари дастаи мунтахаби ин кишвар ба Озодӣ гуфт, мусобиқоти ҷаҳонӣ байни бузургсолон дар шаҳри София рӯзи шанбеи 4-уми ноябр шурӯъ шуда, тӯли се рӯз идома хоҳад кард. Вай афзуд: «Тоҷикистонро дар ин мусобиқот панҷ гуштигир - се паҳлавони вилояти Суғд - Муҳаммадалӣ Пардаев дар рақобатҳо дар вазни 52 килограмм, Абулфайз Муллоев дар вазни 62 килограмм ва Фаридун Устопиров дар вазни 82 килограмм, Рустам Шамсов, аз Душанбе дар вазни 68 килограмм ва Пӯлодҷон Солиев, аз шаҳри Ваҳдат дар вазни 90 килограмм намояндагӣ хоҳанд кард.»

Вале, мутаассифона, иброз дошт Маҳмуди Абдуллоҳ, дар тӯли беш аз 31 сол ягон нафари дигар аз Тоҷикистон чун Саидмӯъмин Раҳимов дар риштаи самбо дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон медоли тилло ба даст наовардааст. Ҳамагӣ чаҳор паҳлавони тоҷик медоли нуқра гирифтаанд, ки яке аз онҳо - Саидаҳтам Раҳимов писари ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов мебошад. Вай ҷоизаи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро соли 2002 соҳиб шудааст.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG