Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба раъйдиҳӣ шурӯъ карданд


Имрӯз ( 31 октябр) нахустин баргаҳои раъйдиҳии интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба қуттиҳо мерезанд.


Дар шаҳри Красноярски Русия ҳавзаи интихоботӣ барои ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон қабл аз мӯҳлат боз шудааст. Ҳайдар Олимов, раиси маркази миллии фарҳангии тоҷикон гуфтааст, раъйдиҳӣ дар Красноярск то 3 ноябр идома меёбад, зеро то шашуми ноябр натоиҷи раъйдиҳӣ бояд ба Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бирасанд. Дар ин рӯзҳо дар Красноярск ҳавзаи интихоботии муҳаррик ташкил мешавад ва он ба маконҳои истиқоматии мардикорони тоҷик ҳаракат мекунад.


Дар Русия 28 ҳавзаи интихоботӣ ташкил шудааст. Муҳоҷирони тоҷики муқими Русия имкон доранд, дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Волгоград, Красноярск, Новосибирск, Иркутск, Перм, Уляновск, Самара, Саратов, Толятти, Тюмен, Астрахан, Твер, Тула, Ярославл, Қазон, Краснодар, Калининград, Рязан, Оренбург, Пенза, Кемерово, Новокузнецк, Калуга, Челябинск ва Ярославл раъй бидиҳанд.


Ва аммо номзадон ба мақоми раиси ҷумҳурӣ ва афроди мавриди эътимоди онҳо имрӯз ришта-дидорҳои худ бо раъйдиҳандагон дар минтақаҳоро ба анҷом мерасонанд ва ба Душанбе бармегарданд. Дар ҷараёни ин сафар, ки аз ҷониби КМИР ташкил шуда буд, номзадон ва афрди боэътимоди онҳо ба Бадахшоу Рашт ва Суғду Хатлон сафар доштанд.
XS
SM
MD
LG