Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонӣ ва дирам шашсола шуданд


Имрӯз шашумин солрӯзи ба муъомила ворид шудани пули миллии Тоҷикистон сомонӣ ва дирам мебошад, ки тавонистааст пас аз як давраи сангин қурби худро дар сатҳи муайян нигаҳ дорад. Дар соли 2000-ум, ҳангоми ҷорӣ шуданаш 1 сомонӣ ба 1000 рубли тоҷикӣ иваз шуда буд. "Рубл"-и тоҷикӣ дар моҳи майи соли 1995, дар ҳоле вориди муъомила гашт, ки ҳамаи ҷамоҳири дигари шӯравӣ аз қаламрави "рубл"-и русӣ берун шуда, худи Русия пули нави миллӣ ҷорӣ карда буд.


"Рубл"-и тоҷикӣ сабаб гашт, ки садҳо миллион рубли бекоршудаи ҷамоҳири дигари шӯравӣ ба Тоҷикистон сарозер шаванд ва бӯҳрони шадиди солҳои 1993 ва 1994-ро ба вуҷуд оваранд.
Нахустин бор андешаи пули миллии тоҷикиро созмони мардумии "Растохез" расман ба миён гузошта буд ва номи онро ҳамчун "сомонӣ" аввалин бор шоири тоҷик Лоиқ Шералӣ дар соли 1989 пешниҳод карда буд.
XS
SM
MD
LG