Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии номзадии Абдулҳалим Ғаффоров ба мақоми президентӣ дар додгоҳ


Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии даъвои Мирҳусейн Назриев, раиси яке аз ду ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистро роҷеъ ба номзад шудани Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҷиноҳи дигари ин ҳизб аз номи ҲСТ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ оғоз кардааст.


Назриев, зимни аризаи худ ба Додгоҳи олӣ гуфтааст, номзадии Абдуҳалим Ғаффоров ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз суи Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ғайриқонунӣ сабти ном шудааст. Бино ба иддаоъи Нарзиев, анҷумани ҲС-и А. Ғаффоров рузи 16 сентябр, яъне 51 руз қабл аз интихобот доир шуда ва ӯро номзад муаррифӣ кардааст, дар ҳоле, ки ин мӯҳлат 50 рӯз қабл аз интихобот тайин шудааст.


Ин дар ҳолест, ки Ғаффоров, раиси ҲСТ, ки аз ҷониби Вазорати адлия ба расмият шинохта шудааст ва номзади мақоми рёсати ҷумҳурӣ ин иддаъои Назриевро рад мекунад ва мегӯяд, анҷумани онҳо рӯзи 16 оғоз ва рӯзи 17 идома пайдо кардааст ва бар асоси қонун сурат гирифтааст.


Мақомоти додгоҳи олии Тоҷикистон аз шарҳи ин мавзӯъ ба далели идомаи мурофиа худдорӣ намуданд. Ба гуфтаи онҳо, ин баррасӣ рӯзи сешанбеи 31 октябр идома хоҳад кард.


ҲСТ дар соли 1996 аз ҷониби Сафаралӣ Кенҷаев бунёдгузорӣ шуд ва баъди марги ӯ дар миёни тарафдоронаш иншиоб ба вуҷуд омад. Як гурӯҳ бо сардории Назриев дар мухолифат бо давлат ва гурӯҳи дигар бо сардории Ғаффоров дар ҳамкорӣ бо давлат қарор гирифт. Гуруҳи Ғаффоров дар соли 2004 аз ҷониби Вазорати адлия ба унвони ҲСТ ба расмият шинохат шуд ва иҷозаи ширкат дар интихоботҳоро пайдо кард. ҲС-и Назриев аз чунин ҳақ бархурдор нест. Ва муноқишаи миёни ҷиноҳҳо ҳамчунон идома дорад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG