Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷавонони Осиё: Ирон - Тоҷикистон - 3 : 1


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони то 20-сола дар Ҳиндустон дар гурӯҳи «С» аз тими Ирон бо натиҷаи 1 бар 3 шикаст хӯрд.

Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 10-уми бозӣ ҳисобро боз кард.То дақиқаи 55-ум дастаи Тоҷикистон бо натиҷаи 1 бар 0 дар пеш буд. Ба Шаҳром Гударзӣ муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Мустафо Чатробгун дар дақиқаҳои 60-ум ва 81-ум ду гол вориди дарвозаи дастаи Тоҷикистон карда, ба тими Ирон пирӯзӣ овард.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи Ҷопон бар тими Куриёи Шимолӣ бо натиҷаи 2 бар 0 пирӯз шуд.
Бад-ин тартиб дар ҷадвали гурӯҳи «С» Ирон ва Ҷопон бо сеимтиёзӣ садрнишинанд. Тоҷикистон ва Куриёи Шимолӣ имтиёз ба даст наовардаанд.

Ҳамчунин ду бозии даври аввал дар гурӯҳи «А» баргузор шуд. Куриёи Ҷанубӣ бар Урдун бо натиҷаи 3 бар 0 ғалаба кард. Бозии Ҳиндустон бо Қирғизистон бо натиҷаи 1 бар 1 хотима ёфт. Дар ин гурӯҳ Куриёи Ҷанубӣ бо 3 имтиёз дар мақоми аввал қарор гирифтааст. Ҳиндустон ва Қирғизистон бо якимтиёзӣ мақоми дуввуму севвумро ишғол мекунанд. Урдун имтиёз надорад.

Бозиҳои даври аввал дар гурӯҳҳои «В» ва «D» бо натоиҷи зайл ба поён расиданд: Чин - Австралия - 1 : 0, Тайланд - Имороти Муттаҳидаи Араб - 2 : 1 (гурӯҳи «В») ва Ироқ - Арабистони Саъудӣ - 2 : 2, Малайзиё - Вйетнам -1 : 2 (гурӯҳи "D").
Рӯзи сешанбеи 31 октябр даври дуввуми бозиҳо дар гурӯҳҳои «А» ва «С» баргузор мегардад.Урдун бо Ҳиндустон, Қирғизистон бо Куриёи Ҷанубӣ, Куриёи Шимолӣ бо Ирон ва Тоҷикистон бо Ҷопон рақобат мекунанд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳалаи чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои чаҳорякниҳоӣ бо ширкати 8 даста рӯзи 6 ноябр баргузор мешаванд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 9 ноябр доир хоҳанд шуд. Бозӣ барои ҷойи севвум ва бозии ниҳоӣ 12 ноябр барпо мегарданд.
Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё - 2006 чаҳор дастаи беҳтарин ба қисмати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ байни ҷавонон, ки аз 30 июн то 22 июли соли 2007 дар Конодо баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG