Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хишти нахустини Серенаи панҷситорадор гузошта шуд


Бо анҷоми як маросими расмӣ 30 октябр дар шаҳри Душанбе ба сохтмони бинои меҳмонхонаи панҷситорадор бо исми Serena оғоз гузошта шуд. Ин чаҳорумин меҳмонхонаи панҷситорадор аст, ки сохтмонаш дар пойтахти Тоҷикистон аз сар гирифта мешавад. Барои иҷрои сохтмони меҳмонхонаи мазкур Бунёди Оғохон 25 миллион доллар тахсис додааст.


Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар маросими расмии оғози сохтмони Серена ширкат мекард, гуфт, дар соли оянда оғози сохтмони панҷумин меҳмонхонаи панҷситорадор дар назар аст. Шоҳзода Оғохони IV гуфт, бунёди ӯ қаблан дар Кения, Афғонистон, Покистон ва Кувайт меҳмонхонаҳои Серена сохтааст.


Ва аммо Серенаи Душанбе дар масоҳати 11 ҳазор метри квадратӣ дар ҷойи собиқ корхонаи пойафзол, рӯбарӯи кинотеатри Ватан сохта мешавад. Мувофиқи тарҳи меҳмонхона, он аз нӯҳ ошёна ва 120 хона иборат хоҳад буд. Сохтмони он 300 нафарро ба кор фаро хоҳад гирифт. Баъд аз анҷоми он, дар меҳмонхона ҳудуди 200 нафар фаъолият хоҳанд намуд.
XS
SM
MD
LG