Пайвандҳои дастрасӣ

Дар миёни Тоҷикистон ва ширкати РусАЛ


Пасманзари воқеъа

Масъалаи рушди соҳаи энергетика ва таҳқиқи барномаҳо дар ин соҳа бояд яке аз меҳварҳои асосии сиёсати иқтисодии кишварамон бошад. Он ихтилофи назар, ки имрӯз миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "РУСАЛ" ба миён омадааст, як чизи оддиест дар таҷрибаи бизнеси байналмилалӣ ва ба он набояд ранги сиёсӣ диҳем.
Албатта дар амалӣ намудани пружаҳои иқтисодӣ дар минтақа ҳар ҷониб мехоҳад манфиати хешро дар он бубинад ва мавқеъе, ки имрӯз Ӯзбакистон нисбат ба нерӯгоҳи Роғун гирифтааст, пеш аз ҳама як навъи рақобати иқтисодӣ аст. Ӯзбакистон дорои захираҳои бойи газ аст ва аҷиб нест, ки ин кишвар пружаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои газиро дар наздиктарин вақт ба ширкатҳои хориҷӣ пешниҳод кунад.
Ӯзбакистон инфраструктураҳои мусоидеро аз Шӯравӣ ба мерос гирифтааст ва он барои соҳибкорони хориҷӣ ҷолиб аст. Аз ин хотир Тоҷикистон бояд дар ин майдони рақобат аз ҳама гуна имконот оқилона истифода барад ва пружаҳои энергетикии худро бо қувваи худ ва сармояи хориҷӣ созад. Имрӯз ҳамаи имконият барои кишвари мо фароҳам шудааст. Истиқлолияти энергетикии мо - ҷузъи ҷудонашавандаи истиқлолияти миллии мост ва дар ин роҳ барои кишвари азизамон Тоҷикистон муваффақиятҳои рӯзафзунро орзумандам.
Бо эҳтиром,
Шакибои Соҳиб




Агар ҷаноби муҳтарам Э. Ш. Раҳмонов хоҳанд, ман ва дӯстони ман Роғунро месозем.
Кампании АРАЛАН
--------------------------------------

Мо аз ин иқдоми оқилонаи Раиси Ҷумҳур ниҳоят хушнуд ҳастем. Билоахира, имрӯз мо дарк кадем, ки ба дарди худамон агар худамон нарасем ва он амрозро худамон тадовӣ накунем касе ба мо дасти мусоидат дароз намекунад ва ин як чизи мантиқист, ки ҳама дунболи манфиати худ мегардад. Пиромуни РусАЛ ҳаминро гуфтаниам, ки агар ин пружаи аср ба дасти онҳо дода шавад мардуми Тоҷик фақиртар мегардад ва нархи барқ дар Тоҷикистон киматтар мешавад. Лоиҳае ки имрӯз РусАЛ дорад, фақат метавонад ду кохонаи бузургашро бо барқ тамин кунад ва солиёни дароз РусАЛ дунболи ҷалби сармоя ва манфиати худ мегардад. Ман ҳамчун як шаҳрванди ин кишвар аз муҳтарам Раиси Ҷумҳур хохиш мекунам, ки ин пружа бояд миллӣ кунонида шавад ва дар сохтмони он бояд пеш аз ҳама манофеъи миллӣ ва амнияти миллӣ дар назар гирифта шавад. Бо камоли эҳтиром ва арзи ташаккур
Салим, Душанбе
---------------------------------------

Бале, бо эъломи лоиҳаҳои бузурги дар рӯи коғаз мондааш Русия тавонист Узбакистонро ба худ ҷалб созад. Он тавонист, шарики асосии худ дар Осиёи Миёнаро аз нав ба даст орад. Эҳтимолан фоҷиаи Андиҷон низ аз ҷониби Русия тарҳрезӣ шуда бошад. Имрӯз Узбакистон дар зери дасти бародари бузургаш Русия ҳаст ва Русия, ҳар вақте ки хоҳад, барои овардани фишор ба Осиёи Марказӣ ин калидро тоб медиҳад. Эмомалӣ Раҳмонов дуруст қайд кардааст, ки имрӯз Тоҷикистон бояд Роғунро бо қувваи худ ва ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд намояд. Нерӯгоҳи Роғун бояд таҳти ҳимояти давлати Тоҷикистон қарор гирад ва он комилан моли давлати Тоҷикистон бошад. Русия дар ягон вақт барои Тоҷикистон ягон лоихаро ба охир нарасонидааст ва нахоҳад расонд ба ғайр аз ваъдаҳои хушку холӣ. Русия ва Узбакистон мехоҳанд Тоҷикистонро ҳамчун манбаъи ашёи хом истифода баранд ва моли ин сарзаминро ба таври ройгон истифода баранд. Чи тавре ки Узбакистон гуфтааст Об, ин боигарӣ аз ҷониби Худованд аст ва он бояд бепул истифода шавад. Чӣ, магар нафту гозро Худо наофаридааст?
Сорбон, Самарқанд
----------------------------------------

Бо каме номувофиқӣ ба андешаи бародарам НУФАРН ин бор низ ба кулли дӯстдорони барқу рӯшноӣ салом мегӯям. Ба андешаи ин ҷониб, барои Тоҷикистон дар алоҳидагӣ бунёди НОБ-ҳо хусусан Роғун хеле гарон меафтад ва тайи чандин соли тӯлонӣ метавон ба анҷоми корҳои сохтмонӣ умед баст... Аз ин рӯ бояд ширкатҳои бузург ба эҳдоси Роғун ҷалб карда шаванд ва албатта, ки РусАл низ... ва ё метавон дар ҳоли дасткашӣ аз РусАл бо кумаки Ҳукумати Русия ба бунёди НОБ шурӯъ кунем.... Хуллас, набояд ё сихро сӯзонем на кабобро... Боқӣ бо умеди ояндаи басо наздик дар тамоми қаламрави кишвар дар фасли зимистон ба пуррагӣ дидани рӯшнойӣ дуогӯ
НУФАРН-4
------------------------------------

Ба назари ман, бояд Раҳмонов ин тасмимашро пештар руи кор меовард. Шояд кунун РусАЛ аз хоб хезад ва бародари калонӣ моро бо дигар нигоҳ бингарад.
Баҳман
--------------------------------------

Ба назари ман рафтори оқилонаи ҳукумати Тоҷикистон ин буда метавонад, ки РусАлро аз бозӣ берун ва ба худ душман накунад. Набояд фаромӯш кард, ки ин ширкат яке аз сарони бозори ҷаҳонии алюминиум аст ва метавонад, ба фурӯши алюминиуми тоҷик халал ворид намояд. Аз сӯе ҳам беҳтарин роҳи ҳал ин аст, ки Тоҷикистон тавонад ҳам РусАл, ҳам ширкатҳои амрикоиву чиноиву ирониву покистониро дар Роғун ба ҳам орад ва аз рақобати онҳо ба манфиати миллии худ истифода кунад. Бо эҳтиром
Муҳсини Ҷаббориён
---------------------------------------

Дуруд ба ҳаводорони ягона сайти дар ҳақиқат тоҷикӣ! Ин Русия ягон корро ба анҷом намерасонад. На Рогун месозад, на Сангтуда ва на корхонаи алюминӣ. Он бо ваъдаҳояш танҳо мехоҳад Тоҷикистонро зери итоат нигоҳ дорад. Барои Русия аз Тоҷикистон дида, Узбакистон беҳтар аст. Узбакистон гуфт Роғунро насоз, намесозад. Барои ҳамин Тоҷикистон бояд бештар бо ҳамон дӯстонамон - Эрону Чину .. ҳамкорӣ кунад.
Саломат бошед!!!
НУФАРН
-------------------------------------

Шояд Оли Ҷаноби Шоҳаншоҳ ба як натиҷаи оқилона расида бошад, албатта, хеле сахт аст ки бовар кунем. Вале лозим аст бидонем, ки агар ҳатто бо қарзи хориҷӣ ҳам ин корро анҷом диҳем, дар оянда комилан ба суди мост, зеро бе ин ҳам сар то по ба қарз фурӯ рафтаем, вале ин амали хирадмандона метавонад марҳаме бошад ба захмҳои мо.
Саша
---------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG