Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алоқамандии Покистон ба тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун


Ҷумҳурии исломии Покистон алоқаманд аст дар иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ширкат варзад. Ин матлабро рӯзи шанбеи 28 октябр Лиёқат Алӣ вазири захоири об ва енержии Покистон баъд аз анҷоми дуввумин нишасти кумисюни муштараки байнидавлатии Покистону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе эълом доштааст.

Лиёқат Алӣ дар посух ба пурсиши радиои Озодӣ дар ин замина гуфт: «Албатта мо моилем дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкат намоем. Нишасти ахире, ки дар Душанбе доир шуд як нишасти фарогир доир ба мавзуъи енержӣ буд. Ва тасмими мо ҳам ин аст,ки дар иҷрои масоили дар он матраҳ шуда, аз ҷумла иҷрои тарҳи нерӯгоҳи Роғун саҳм бигирем».

Вазири захоири об ва енержии Покистон афзуд масъалаи ширкати кишвараш дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳамчунин дар мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов низ матраҳ шудааст. Ин мулоқот шоми рӯзи 28 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Аммо вазири захоири об ва енержии Покистон аз ҷузъиёти мавзӯъи ширкати кишвараш дар иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун чизе нагуфт.
Дар ҳамин ҳол Абдуғаффор Расулӣ сухангӯи вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфтааст чи гунагии ширкат ва наҳваи сармоягузории ҷониби Покистон дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба эҳтимоли зиёд баъд аз шурӯъи корҳои сохтмонӣ дар он мушаххас мегардад.


Масъалаи бунёди нерӯгоҳи Роғун дар ҳоле матраҳ мегардад, ки 27 октябр Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии Тоҷикистон эълом дошт ин кишвар бидуни сармоягузории ширкати русиии «Русал» шурӯъ аз соли 2007 сохтмони нерӯгоҳи Роғунро сармоягузорӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG