Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобат ва ҳасодат


Тасаввур мерафт, ки дар ин рӯзҳо шоҳиди рақобат бошем. Рақобат аз навъи сиёсии он. Билохира, ҳар интихоботе бар мабнои назарияи рақобати сиёсӣ шакл мегирад, албатта, агар дар он фазо барои рақобати ошкор мусоъид бошад. Аммо он чи коршиносон аз фазои интихоботии Тоҷикистон мегӯянд, камтар бӯи рақобати сиёсиро медиҳад ва ин вазъият аз табу тоби ҳар интихоботе мекоҳад. Ва на танҳо коршиносон, балки корбарони сомонаи интернетии мо ozodi.org низ умдатан назари мушобеҳе доранд. Барои намуна, "Дипломат" - яке аз хонандагони сомонаи мо менависад:

"Чи тавре ки мебинем, бозии шоҳмот яктарафа идома дорад. Барои чӣ мо пули бисёр барои ин интихобот харҷ карда истодаем? Номзад маълум, ғолиб маълум, дигар чӣ лозим аст? Интихобот, чи тавре ки медонем, бояд ҳаматарафа ташкил карда шавад, номзадҳо озодона рақобат кунанд, аммо ин дар интихобот нест. Барои ҳамин, лозим нест, ки коҳин бошед, то раисиҷумҳурии ояндаро пешгӯӣ кунед."

Таърифи мафҳум

Пас агар рақобате дар миён нест, ин бор "рақобат" ва мафҳумҳои марбут ба он мавзӯъи андешаи мову шумо хоҳад буд. Пеш аз оғози баҳс нигоҳе меандозем ба умдатарин таърифи мафҳуми "рақобат":

"Рақобат ба маънии мубориза алайҳи як нерӯи дигар аст ва манзур аз рақобат даст ёфтан ба бартарӣ бар нирӯи дигар ё ба подош ё ҳадафи мавриди назар аст. "Рақобат" истилоҳест, ки дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла тиҷорат, муҳити зист, иқтисод, мусиқӣ, сиёсат ва варзиш ба кор меравад. Рақобат метавонад миёни ду ё чанд нирӯ, шеваҳои зиндагӣ, низомҳо ё афрод шакл бигирад."

Оё рақобат дар Тоҷикистон роиҷ аст? Чӣ навъи он?

Ва аммо шумори зиёде аз коршиносону корбарони сомонаи мо арсаи сиёсии кунунии Тоҷикистонро орӣ аз рақобат арзёбӣ мекунанд, гӯ ин ки натиҷаҳои интихобот аз пеш чӣ барои номзадҳо ва чӣ барои мардум равшан аст. Ин навъи рақобат чизест, ки Имомназари Холназар, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик ва устоди банда дар зарурати буданаш имон дорад ва онро рақобати солими сиёсӣ унвон мекунад. Ба назари вай, рақобати сиёсии солим лозимаи рушду нумувви сиёсии як кишвар аст, ба монанди ин ки агар нирӯи манфӣ дар канори нирӯи мусбат набошад, на микруфуни мо дар ин истудию равшан мешавад, ки садоямонро бипароканад ва на дастгоҳи родюи шумо фаъъол мешавад, ки ин садои дурро бишнавед ва на ин фонуси хиёли мудерн, ки номаш Интернет аст, ба мо марҳамате хоҳад кард. Дар сиёсат ҳам агар рақибе дар миён набошад, ҳисси мурдобгунагии сиёсӣ фарогир мешавад ва ҷомеъаро ба гирдоби хамудагӣ ва бемайлии сиёсӣ мекашонад.

Берун аз сиёсат

Аз сиёсат то ин ҷо гуфтему зоҳиран бисёр гуфтем, ҳамин кофист. Ҳоло ба он бахш аз гуфтугӯямон бо Имомназари Холназар мепардозем, ки бештар ҷанбаи иҷтимоъӣ дорад ва марбут ба фарҳанги омма мешавад.

И. Холназар: "Мо ин рӯзҳо бештар шоҳиди рақобате мешавем, ки бисёр носолим аст ва ба зиёни ҷомеъа тамом мешавад. Дар ҷомеъае, ки рақобати солим нест, рушди чандоне ҳам нест. Маъмулан рақобати солимро метавон дар варзишгоҳҳо дид. Мутаассифона, дар рақобати носолими байни пурҳунару камҳунар (аслан дар аксари ҷоҳо, на танҳо дар Тоҷикистон) афроди боҳунару бовиждон ба дасти афроди камҳунар мағлуб мешаванд. Ҳамеша дар ҷомеъа афроди камҳунару камистеъдод бамаротиб бештар аз афроди боҳунару боистеъдоданд. Ҳисси бадбинӣ, бухлу кина ва талош барои шикаст додани афроди боҳунар аз роҳи носолим шиъори афроди камҳунару камсавод аст."

Оқои Холназар мегӯяд, ки далели шикасти боҳунарон ин аст, ки онҳо аз ҳисси ҳасодат "бархурдор" нестанд. Чун ба эътиқоди оқои Холназар, ҳасодат кори урдугоҳи камсаводону камҳунарон аст. Зеро ба бовари вай, боҳунарон ба андозае машғули омӯзишу фаро гирифтани чизҳои тозаанд, ки фурсате барои кашфи ҳисси ҳасодат надоранд ва онро абзори муносибе барои набарду зиндагӣ намедонанд.

Тангнои ҳасодат

Суҳбат аз рақобат ба ҳасодат ё ҳасудӣ ё ҳасад мунтаҳӣ шуд, ки ҳамагӣ таркибҳое аз вожаи арабии "ҳасад" аст ва муъодили форсии ноби он "рашк" дар форсии тоҷикӣ маънии то андозае тозаро ба худ гирифта ва бештар дар мавриди равобити заношӯӣ ва ишқу ошиқӣ ба кор меравад. Ҳоло ишқу ошиқиро канор мегузорем, чун дарёест дамон ва моро бедиранг дар оғӯши худ фурӯ хоҳад бурд. Манзури мо ҳамон "ҳасодат" аст ва ҷойгоҳи он дар фарҳанги мардумии Тоҷикистон. Ҳамкорам Каюмарси Ато дар Душанбе дар ин барнома моро дар дарраи тангу тори ҳасодат роҳнамоӣ кард ва ӯро дар он дарра мардуми одӣ, равоншиносон ва омӯзгорон роҳнамоӣ кардаанд, ки натиҷааш гузориши хубе шуд дар таркиби барнома. Бо як фишори пайкон (курсор) рӯи нишони баландгӯ дар канори унвони матлаб метавонед он гузоришро ҳам бишнавед.

Меҳмони рафта боз омад

Боз ҳам ёди бузургвор Вилл Дуронт, фарзонаи омрикоро мекунем, ки раҳоӣ аз ҳасодатро яке аз пояҳои тағйири хулқу хӯи манфӣ ба хӯю хулқи мусбат медонад. Вай фаротар аз ин ҳам меравад ва дастургунаеро барои ташхиси тафовутҳои хӯи мусбат аз хӯи манфӣ бароямон ироа медиҳад. Бино ба дидгоҳи Вилл Дуронт, соҳиби хӯи манфӣ чунин аст:

"Соҳиби хӯи манфӣ худро ҳақир мешуморад ва бо он ки сифотеро, ки аз шаклу қиёфа ва зеҳнаш бармехезад, меситояд, ҳамвора мутаваҷҷеҳи заъфи ҷисмонии хеш аст ва ба коргарони қавӣ ва мардони кории баландболо, ки мағрур аз қудрат ва саломати хеш аз канори ӯ мегузаранд, ба ҳасрат менигарад. Фарди манфӣ фоқиди нирӯ ва қудрати кор аст ва барои энержӣ хуни кофӣ дар бадан надорад."

Хӯи мусбат:

"Ин фард мусбат аст. Солиму қавист. Он андоза хуну гӯшт дорад, ки битавонад дар баробари мардум қад алам кунад ва ҳар тавр бихоҳад рафтор намояд; агар бихоҳад ба шумо нигоҳ кунад, дуздакӣ нест, балки бо шумо рӯбарӯ мешавад. Саргарми иқдоми хеш аст ва ғарқ дар мақсади худ. Таваҷҷуҳе ба ашхос надорад, балки мутаваҷҷеҳи кору иқдоми хештан аст."

Ва падруде муфассал

Пас орзумандем, ки ҳамроҳони бовафои Фарҳангу Андешаи Озодӣ ҳамвора дил ба ёру сар ба кор бошанд ва як ҷуфт чашми росту мустақим арзониашон бод, ки битавонанд бо ҳар касе бо оромиши хотир рӯбарӯ шаванд. Чун ин барнома шумо азизонро бароям азизтар кардааст ва шумо ҳатто шумориши ҳафтаро барои ман тағйир додаед.

Ҳафтаи ман аз панҷшанбе оғоз мешуду то панҷшанбе ҳам идома дошт, то лаҳзаи гуворои нишасту гуфтор бо азизоне чун шуморо бори дигар бо қаноъати қалбу равон таҷруба кунам. Сипос аз ин ҳама таҷрубаҳои ширин ба так-таки шумо, чун ин бор қарор нест, бигӯям "то фурсате дигар мувозиби худатон бошед." Ба умеди худо, фурсати дигаре фаро хоҳад расид ва равзанаи дигаре боз хоҳад шуд ва дигарбора моро дар пайванди ҳам қарор хоҳад дод.

Фарҳангу Андешаи азизро ба дасти ҳамкорони азизам дар родю Озодӣ месупорам ва шуморо ба Худованди меҳрубон.

Ба нишони арҷу сипос аз шунавандагони барнома оҳангеро дар поёни барнома пахш кардам, ки ҳамон рӯзи панҷшанбе аз яке аз ҳаводорони Фарҳангу Андеша дарёфт кардам аз Душанбе. Оҳанги русии "Надежда" ("Умед") бо садои ҳамешазиндаи шодравон Муқаддаси Набӣ, ки ҳаргиз қаблан нашунида будам. Нишони баландгӯи канори унвон ин лаззатро насиби шумо ҳам хоҳад кард, ба умеди худо.

Поянда бод умеду умедворӣ. Падруд!

rajabians@rferl.org
XS
SM
MD
LG