Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коршиносони байнулмилалӣ аз интихоботи Тоҷикистон мегӯянд


Дар ин нишаст дар канори Рон МакНамарра - мудири сиёсатҳои байнулмилалии Кумисиюни Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо (Кумисиюни Ҳелсинки), Деннис де Трей - муъовини Маркази Тавсеъаи Ҷаҳонӣ ва мудири пешини идораи Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Осиёи Миёна, Эрик МакГлинчӣ - донишёри риштаи давлату сиёсат аз Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон, Антонӣ Бойер - мудири барномаҳои Бунёди Байнулмилалии Низомҳои Интихоботӣ дар умури Осиёи Миёна, Ҳамроҳхон Зарифов - сафири Тоҷикистон дар Вошингтон низ ширкат дошт.

Суханронии оқои Зарифов аз ёдоварии ин ҳақиқат оғоз шуд, ки Тоҷикистон кишварест кӯҳистонӣ ва ин ки баъзан ба он Боми Ҷаҳон низ гӯянд. Вай сипас ба гузаштаи зартуштии тоҷикон пардохт ва ба истилои Осиёи Миёна аз сӯи аъроб дар садаи ҳашти милодӣ ишора кард ва ба по гирифтани дудмони Сомониён ва то ба юриши Чингизхон ба минтақа расиду аз он ҳам фаротар рафт. Гуфта мешавад, ки манзури оқои Зарифов фароҳам кардани пасманзаре аз пешинаи Тоҷикистон барои ширкаткунандагони баҳс буд. Аз интихобот ҳам дар он иттилоъоте буд, ба монанди теъдоди номзадҳо, таъаллуқи ҳизбии онҳо, бархурди ҳизбҳои мухталиф бо интихобот ва амсоли он. Сафири Тоҷикистон дар ниҳоят иддаъо кард, ки интихобот шаффофу мунсифона хоҳад буд.

Аммо Эрик Мак Глинчӣ - суханрони баъдии нишаст ин нуктаро бедиранг ба чолиш кашид ва аз оғоз эълом дошт, ки бо изҳороти сафири Тоҷикистон мувофиқ нест:

"Суханони ман аз изҳороти ҷаноби оқои сафир яке-дуто тафовут хоҳад дошт. Аввал ин ки ман дар мавриди интихоботи қарибулвуқӯъ хушбин нестам. Ман аслан намефаҳмам... ё на, балки баръакс, ҳама мефаҳманд, ки Тоҷикистон ин рӯзҳо ба чӣ самте ҳаракат мекунад. Аз ин рӯ таъаҷҷубе дар натиҷаҳои он нахоҳад буд. Вале он чи муҳим аст ва ман мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба он ҷалб кунам, ин аст, ки ин интихобот сароғози мушкилоте фаровон ва чизҳои хеле ногувору баде дар оянда аст."

Оқои Мак Глинчӣ сипас ба ташреҳи бовари худ ба ин нукта пардохт, ки чаро ба назари вай, ҷиҳатгирии Тоҷикистон иштибоҳ будааст ва чӣ мушкилоте метавонад дар оянда домангири он шавад. Вай гуфт, ба унвони як донишманди сиёсӣ медонад, ки пешгӯӣ метавонад ба қимати корномааш тамом шавад, аммо ба он андоза ба ин нукот бовар дорад, ки пешгӯиашро матраҳ хоҳад кард:

"Даҳсолаи ахири гузашта дар Тоҷикистон даҳае нисбатан хуб буд. Даҳ соли сулҳомез ва шукуфоии нисбӣ. Зеро Тоҷикистон роҳи дурустеро мепаймуд. Далелаш ҳам ин буд, ки дар фазои сиёсии Тоҷикистон мешуд то андозае чандандешӣ ва мухолифати сиёсиро мушоҳида кард, ки дар таркиби давлати Тоҷикистон ниҳодина шуда буд. Пас аз имзои тавофуқномаи сулҳи 1997 оқои Раҳмонов иқдоми хирадмандонае анҷом дод ва намояндагони мухолифонро на танҳо дар порлумон, балки дар давлат низ шомил кард."

Аммо ба гуфтаи Эрик Мак Глинчӣ, ин озодии нисбӣ то дер напоид ва пас аз муддате бахши аъзами мухолифон аз мақомҳои худ маҳрум монданд, рӯзномаҳо ба баҳонаҳое таътил шуданд, рӯзноманигорони дигарандеш низ ба баҳонаҳое муҳокима шуданд ва хулоса, ба гуфтаи оқои Мак Глинчӣ, авзоъ тавре шуд, ки ба ҳич рӯй ба чанд сол пеш шабоҳат надорад. Сипас Эрик Мак Глинчӣ ҳушдор дод, ки идомаи ихтиноқ метавонад паёмадҳои асафборе дошта бошад, ки тавассули мардуми норозӣ ба хушунат ва баёни инқилобии мавзеъгирии сиёсиашон метавонад яке аз табаъоти он бошад. Вай ҳамчунин зимни ёдоварӣ аз ҷангсолории даврони ҷанги дохилӣ, ки дар манотиқи дурдасти Тоҷикистон роиҷ буд, ҳушдор дод, ки ҷангсолорӣ низ метавонад дар паи сиёсати саркӯбгаронаи давлат дубора ба як воқеъияти рӯзгори Тоҷикистон табдил шавад. Фарзияи севвуме, ки Эрик МакГлинчӣ ба унвони паёмади эҳтимолии интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ кард, талфиқ ё иттиҳоди нирӯҳои исломгаро ва ҷангсолор аст. Ба эътиқоди вай, танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз ин эҳтимолот бозгашт ба озодиҳои сиёсиест, ки замоне дар ҳадди нисбӣ дар Тоҷикистон мушоҳида мешуд.

Аммо Деннис де Трей, муъовини Маркази Тавсеъаи Ҷаҳонӣ ва мудири пешини идораи Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Осиёи Миёна, бо зикри ин мавзӯъ, ки бар хилофи Эрик Мак Глинчӣ сарриштаи сиёсат надорад ва тахассусаш иқтисод аст, таъкид кард, ки дидгоҳаш аз назароти оқои Мак Глинчӣ мутафовит аст. Ба назари вай, Тоҷикистон аз нодиртарин мавориди муваффақият пас аз ҷангро барои ҷаҳониён ба намоиш гузоштааст:

"Камтар аз даҳ сол пеш Тоҷикистон дар чанги ҷанг буд, гирифтори як ҷанги дохилӣ буд. Вақте ки он ҷанги дохилӣ ба поён расид, давлат кишвареро ба ирс бурд, ки даромади саронааш 85 дарсад коҳиш ёфта буд. Ман дигар кишвареро намедонам, ки бад-ин шиддат такон хурда бошад. Яъне пас аз ҷанги дохилӣ мизони масраф низ поин омад. Он чи ҷолиб аст, ин аст, ки Тоҷикистон тавонистааст аз он замон то кунун лоақал дар заминаи иқтисодӣ ба комгориҳое даст ёбад."

Аммо оқои де Трей низ таъкид кард, ки дар як нукта бо Эрик Мак Глинчӣ мувофиқ аст ва он ин ки натиҷаи интихоботи моҳи ноябр аз ҳамин ҳоло равшан аст. Вале вай инсиҷоми қудрати сиёсӣ тавассути Эмомалӣ Раҳмоновро як амри зарурӣ тавсиф кард ва бо ишора ба таҷрубиёти худаш дар Тоҷикистон гуфт, ки вазъияти амниятӣ дар он кишвар ҳоло ба маротиб беҳтар шудааст.

Деннис де Трей аз ҷумлаи таклифҳои муҳимми иқтисодии Тоҷикистон таъйини чигунагии идораи корхонаи олюминиюми Турсунзодаро унвон кард ва аз захоири оби Тоҷикистонро аз ҷумлаи умдатарин манобеъи тавсеъаи кишвар тавсиф кард. Вай гуфт, ки мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, ки аз Афғонистон вориди Тоҷикистон мешавад, аз бузургтарин чолишҳои пешорӯи Тоҷикистон дар оянда хоҳад буд.

Аммо Денис де Трей бо тасвири равшантаре, ки аз фазои Тоҷикистон дод, таъкид кард, ки ҳифзи субот дар кишвар бисёр муҳимтар аст.

Ва саранҷом Антонӣ Бойэр, мудири барномаҳои Бунёди Байнулмилалии Низомҳои Интихоботӣ дар умури Осиёи Миёна, зимни муруре бар мавориди нақзи қонуни интихобот дар давраҳои гузаштаи интихобот дар Тоҷикистон, гуфт, ки муътақид аст Кумисиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон дар ҳоли беҳбуд бахшидан ба низоми раъйгирист. Ин иддаъоест, ки бештари мухолифони давлати Тоҷикистон қабулаш надоранд.
XS
SM
MD
LG