Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмонов: "Роғунро аз ҳисоби худ месозем"


Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон тайи як конфронси байнулмилалӣ изҳор дошт, ки ҳазинаи эҳдоси нирӯгоҳи Роғунро худи ин кишвар хоҳад пардохт.


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар конфронси бозори минтақаии барқ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷануби Шарқӣ ва дар ҳузури мақомоти зидахли хориҷӣ суҳбат мекард, гуфт, нирӯгоҳи Роғун яке аз тарҳҳои муҳим ва ояндадори Тоҷикистон аст, ки сохтмони он идома дорад.


Оқои Раҳмонов гуфт, тавоноии ин нирӯгоҳ 3660 меговот хоҳад буд ва то имрӯз дар сохтмони он 804 миллион доллар ҳазина шудааст ва маблағи изофӣ барои такмили он беш аз ду миллиард долларро ташкил медиҳад.

Тафсили ин хабар
XS
SM
MD
LG