Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳо барои ҷоизаи Қонуни асосии Тоҷикистон


Ду даври мусобиқоти ҷумҳуриявӣ оид ба футбол барои дарёфти ҷоизаи Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ҷараён дорад, баргузор шуд.

Дар ин мусобиқот даҳ дастаи футболи лигаҳои олӣ ва аввали Тоҷикистон дар ду гурӯҳ рақобат доранд. Дар гурӯҳи «А» СКА «Помир»-и Душанбе дар бозии даври аввал бар «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 4 бар 1 пирӯз шуда, дар бозии даври дуввум аз «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 3 бар 4 шикаст хӯрд. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар як бозии анҷомдодаи худ «Саройкамар»-ро бо натиҷаи 3 бар 1 мағлуб сохт. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ дар як дидор бар «Гвардия» бо натиҷаи 5 бар 1 ғалаба кард. Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «А» тимҳои «Вахш», СКА «Помир», «Парвоз» ва «Саройкамар» сеимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Дар гурӯҳи «Б» «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 6 имтиёз дар садри ҷадвали бозиҳо қарор дорад. Ин даста нахуст бар «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 2 пирӯз шуда, сипас «Регар» ТадАЗ-2-ро бо натиҷаи рекордии 14 бар 2 шикаст дод. «ХИМА»-и Душанбе, ки аз бозии даври аввал озод буд, дар даври дуввум бар «Динамо» ТадАЗ-и Турсунзода бо натиҷаи 5 бар 0 ғолиб шуд. «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа низ як бозӣ анҷом дода, бар «Регар» ТадАЗ-2 бо натиҷаи 4 бар 0 ғалаба кардааст. «ХИМА» ва «Тоҷиктелеком» бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дуввуму севвуми ҷадвали бозиҳои гурӯҳи «Б» қарор гирифтаанд.

Даври севвуми мусобиқот рӯзи шанбеи 28 октябр баргузор мешавад. Бозиҳои гурӯҳӣ то 31 октябр идома хоҳанд кард. Ғолибони ҳарду гурӯҳ ба бозии ниҳоӣ, ки 2 ноябр баргузор мешавад, роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар мақоми дуввум қарор мегиранд, байни худ барои гирифтани ҷойи севвум талош мекунанд. Ҳарду бозии ҳалкунанда дар варзишгоҳи CSKA-и Душанбе барпо хоҳад шуд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG