Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тиҷорати минтақаии энержӣ дар ҳамоиши Душанбе


Интизор меравад, Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон як Созишнома оид ба тасмими ҳамкорӣ дар тиҷорати энержӣ ба тасвиб бирасонанд.


Имзои ин Созишнома дар чаҳорчӯби ҳамоиши дуввуми байнулмилали тиҷорати энержӣ, ки имрӯз дар водии Варзоб боз шуд, дар назар аст.


Аввалин чунин як ҳамоиш дар авоили моҳи май дар Исломобод - пойтахти Покистон баргузор шуда буд. Дар ҳамоиши Исломобод масъалаи матруҳа бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқ аз Роғун ба Пешовар буд.


Дар ҳамоиши имрӯзаи Варзоб, иштироки ширкатҳои энержии русӣ, амрикоӣ ва иронӣ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG