Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси нозирони кӯтоҳмуддати интихоботи Тоҷикистон муайян шуд


Киммо Килюнен, узви порлумони Финлонд раиси ҳайъати нозирони кӯтоҳмуддати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар интихоботи президентии Тоҷикистон баргузида шуд. Бо қарори раиси даврии САҲА, вазири умури хориҷии Белгия Каред Де Гухт, Килюнен ҳамчунин Ҳамоҳангсози намояндагии САҲА ва сардори ҳайъати Маҷмаъи порлумонии САҲА дар интихоботи Тоҷикистон таъин гашт. Дафтари САҲА дар Копенҳаген мегӯяд, ҷаноби Килюнен дар сарварӣ ба ҳайъатҳои нозирони интихобот ва арзишёбии фароянди интихобот дар кишварҳои гуногун таҷрибаи тӯлонӣ ва муҳим дорад. Дар рӯзи овоздиҳӣ бо сарварии Килюнен нозирони САҲА дар нуқоти раъйдиҳӣ мӯҳру баста шудани сандуқҳои райъ, рафти овоздиҳӣ ва шумориши раъйҳоро ба мушоҳида хоҳанд гирифт. Сар аз соли 1993 САҲА зиёда аз 2200 нозирро ба мушоҳидаи интихобот дар 80 кишвари узваш сафарбар кардааст. Сарварии нозирони дарозмуддати САҲАРо дар Тоҷикистон намояндаи ин ниҳод Онно ван дер Винд дар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG