Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобинаҳои кӯҳна ва нави ҳукумати Тоҷикистон


Ҳафтаномаи «Миллат» дар ин шумораи худ сӯҳбати ихтисосӣ бо раҳбари ситоди марказии интихоботии номзади ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатовро анҷом додааст. Оқои Давлатов дар ин сӯҳбат гуфтааст, ки ба пирӯзии номзади ҳизби худ дар интихоботи 6 ноябри раёсати ҷумҳурӣ мутмаин аст. Ва ҳамчунин гуфтааст, ки сиёсати кадрии номзади ин ҳизб пас аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба куллӣ дигаргуна хоҳад шуд, ки низ дар барномаи қаблазинтихоботии ӯ зикр гардидааст. Ба гуфтаи ӯ дар даври саввуми раёсати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов дар мақоми раҳбарии мақомоти давлати мутахассисони аслиро таъин хоҳад кард.

Вале ҳамзамон оқои Давлатов ҳайати кобинаи ҳукумати феълиро, ки бархе онҳо солҳои тӯлонӣ дар мақоми раҳбарии ин мақомот ҳастанд, низ пуштибонӣ мекунад ва бовар дорад, ки ин афрод дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон то кунун саҳми назаррас дорад. Ва аммо Давлаталӣ Давлатов дар посух ба суоли "Ҳизби халқӣ демократӣ ба ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов ниёз дорад ва ё ҷаноби Раҳмонов ба ҳизби халқӣ демократӣ?" гуфтааст: «Ҳар қадар ки ҷаноби Раҳмонов ба ҳизби халқӣ демократӣ ниёз дорад, ҳамон миқдор ин ҳизб ба роҳбар ва пешвои худ ниёз дорад. Тавре мегӯянд, нуфуз ва обрӯи ҳар як ҳизби сиёсӣ аз он вобастагӣ дорад, ки чӣ гуна шахсияте ӯро раҳбарӣ мекунад. Вақте ки мо дар бораи ҳизби халқӣ демократӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама пешвои онро дар назар дорем».

Нашрияи «Азия плюс» бо нашри як ҳамапурсӣ назар ва хостаҳои мардуми кишвар аз раиси ҷумҳури ояндаи Тоҷикистонро мушаххас кардааст. Нашрия ин суолро матраҳ кардааст, ки раиси ҷумҳури оянда дар оғози фаъолияти худ нахуст аз кадом тасмимот бояд кор гирад, ки ба рушди дубораи ҷомеаи кишвар мусоидат намояд. Бештарини пурсидашудагон гуфтанд, ки президенти оянда нахуст бояд ба рушди иқтисод, ҳаёти иҷтимоии ҷомеа, мубориза бо фасоди молӣ ва мусоида ба рушди соҳибкорӣ таваҷҷӯҳӣ ҷиддӣ зоҳир кунад. Аммо ҳамчунин тазаккур медиҳанд, ки эътирофи ҳуқуқи аҳзоби сиёсӣ ва имконият ба фаъолияти озоди онҳо, инчунин рушди матбуоти мустақил ва ҳақиқатгӯ аз ҷанбаҳои аслии мусоидат ба рушди ҷомеаи кишвар дар ҳафт соли оянда хоҳад буд, ки набояд сарфи назари барномаҳои раиси ҷумҳури оянда бошад.

Ва ин дар ҳолест, ки нашрияи «Собития» номаи лигаи «Тоҷикон», бунёди тоҷикистониёни муқими Русия «Тоҷик диаспор»-ро дар робита ба интихоботи қарибулвуқуи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон нашр кардааст. Ва онҳо дар нома изҳор доштаанд, ки Эмомалӣ Раҳмонов, номзади ҳизби халқӣ -демократии Тоҷикистон имконияти бузурги пирӯзӣ дар ин интихоботро дорад. Ва ҳамзамон бо ин изҳор доштаанд, ки сабабгори аслии дар кишвар вуҷуд надоштани нируи пурқуввути мухолифи ҳукумат он аҳзобе мебошанд, ки худро ҳизбҳои мухолиф муаррифӣ мекунад. Дар нома омадааст, ки онҳо чун медонистанд, ки нирӯи рақобат бо номзади ҳизби халқӣ демократиро надоранд, роҳи осонро пеш гирифтанд, яъне интихоботро таҳрим эълон карданд. Ва дар зимн як иштибоҳи ҷиддии онҳо ин буд, ки ин аҳзоб нируи миллионҳо муҳоҷири кории тоҷик дар хориҷи кишварро сарфи назар карданд.

Ва аммо нашрияи «Миллат» бо нашри як нома инъикоси ихтилофҳои дохили ҳизби демократии Тоҷикистонро идома додааст. Муаллиф дар ин матлаб, ки зери унвони «»Масъуд Собиров қотили ҳизби демократ аст» нашр шудааст, раиси тозаинтихоби ин ҳизб, ки қаблан ҷиноҳи Ватан дар ин ҳизбро раҳбарӣ мекард, ба пора кардани ҳизби демократи Тоҷикистон муттаҳам мекунад. Ва нашрия ҳамзамон назари вазири адлияи Тоҷикистон Халифабобо Ҳомидов дар мавриди қазияи ҳизби демократ, ки Маъсуд Собировро ба ҳайси раиси ин ҳизб эътироф кард, нашр намудааст. Вазири адлия гуфтаст, агар ҳар касе шубҳа дорад, ки бо ин амал вазорат қонунро зери по кардааст, метавонад ба додгоҳ шикоят кунад.

Ва аммо дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Адолат» нашрияи Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳафтаи саввум аст, ки зери як шиноснома ҳам аз сӯи демократҳои Собиров ва ҳам аз сӯи демократҳои Искандаров ба нашр мерасад.

Вале ин бор нашрияи демократҳои Искандаров дар ҳаҷми А4 ба нашр расидаст. «Адолат»-и демократҳои Искандаров дар ин шумораи худ менависад натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон қабл аз баргузори муайян аст. Аммо ҳукумати оянда чӣ? Муаллиф дар ин матлаб номзадҳои эҳтимолии кобинаи ояндаи Эмомалӣ Раҳмоновро ном бурда ва имконоти ба ин мақом расидани ин номзадҳои эҳтимолиро ҳадс задааст.

Ва аммо демократҳои Собиров, дар саҳфаи аввали худ номаи вазорати фарҳанг ба масъулини демократҳои Искандаров дар мавриди худдорӣ кардан аз нашри ҳафтаномаи «Адолат»-ро нашр кардааст. Ва ҳамчунин аз нашриётҳои кишвар дархост кардааст, ки аз нашри «Адолат»-и демократҳои Искандаров худдорӣ кунанд, дар сурати ғайр аз болои ин нашриёт ба мақомоти қудратӣ шикоят хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG