Пайвандҳои дастрасӣ

Теннисбозони Хуҷанд - барандагони мусобиқоти ёдбуди Раҳим Ҷалил


Мусобиқоти байнулмилалӣ дар риштаи тенниси рӯи миз барои гиромидошти хотираи нависандаи маъруфи тоҷик Раҳим Ҷалил бо пирӯзии мизбонон - варзишгарони шаҳри Хуҷанд хотима ёфт.

Дар 22-умин давраи ин мусобиқот варзишгарони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Укроин ширкат варзиданд. Дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон Афзал Маҳмудов, аз Хуҷанд мақоми аввалро касб кард. Ҳамшаҳриҳои ӯ Хуршед Солеҳбоев дар мақоми дуввум ва Акбарбек Яҳёев дар мақоми севвум қарор гирифтанд. Сабқати занон низ бо ғалабаи теннисбозони Хуҷанд ба поён расид. Зулфия Саидолимова мақоми аввал, Парвина Расулматова мақоми дуввум ва Азиза Қориева мақоми севвумро ишғол карданд. Дар рақобатҳои ҷуфти мардона Акбарбек Яҳёев ва Афзал Маҳмудов, ҳарду аз Хуҷанд ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Миряҳё Яҳёев, аз Хуҷанд ва Азамат Эргашев, аз шаҳри Ҷалолободи Узбакистон мақоми дуввумро соҳиб шуданд. Инъом Саидов ва Ҷалили Зоирӣ, ҳарду аз шаҳри Кӯлоб ҷоизаи севвумро ба даст оварданд. Дар сабқати ҷуфти занона варзишгарони Хуҷанд Зулфия Саидолимова ва Зебо Шарифова дар мақоми аввал, Азиза Қориева ва Парвина Расулматова дар мақоми дуввум, Екатерина Ишенко ва Мадина Ашӯрова, ҳарду аз ноҳияи Ҳисор дар мақоми севвум қарор гирифтанд.

Бино ба иттилоъи масъулини Федеросиюни тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ба иллати камбуди маблағ имкони ширкати теннисбозони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар зери суол аст.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG