Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё сиёсати Амрико дар Ироқ рӯ ба тағйир аст?


Суханони Буш дар пасманзари хабарҳое садо доданд, ки дар моҳи Рамазон ва ё аз оғози октябр то 25-умин рӯзи он 93 сарбози Иёлоти Муттаҳида ва зиёда аз 300 сарбозу кормандони полиси Ироқ кушта шудаанд. Шабакаҳои телевизионӣ тақрибан ҳамарӯза дуду хуни таркишҳои интиҳорӣ ва ҳалокати афроди осоиштаи Ироқро нишон медиҳанд. Дар канораҳои Бағдод ҷасадҳои бесар кашф мешаванд, ки асосан ҷавононе ҳастанд, ки тоза дар суфуфи полис шурӯъ ба хидмат кардаанд.

Суханони Буш дар ҳоле садо медиҳанд, ки як рӯз пеш, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ, Залмай Халилзод, ва сарфармондеҳи нирӯҳои амрикоӣ дар Ироқ, Уийлям Кейси мӯҳлати баробар бо 12 то 18 моҳи дигарро эълон кардаанд. Дар ин муддат бояд нирӯҳои амниятии Ироқ ва куллан тавони ҳукумати ин кишвар ба сатҳе расад, ки амниятро дар кишвар таъмин кунад ва ҳамзамон иқтисодиётро ба низом орад.
Онҳо гуфтаанд, сари ин мавзӯъ бо мақомоти ироқӣ ба тавофуқ расидаанд.
Буш ба ин гуфтаҳо мухолифат наварзид, вале гуфт, тарафдори замонбандии дақиқ нест ва ба тамоми чиз ба омодагии ҳукумати Ироқ марбут аст. Вай гуфт, намехоҳад бар дӯши ин ҳукумат бори миёншикан гузорад.
Аммо оё тағйире дар нигариши ҳукумати Буш ба дурнамои Ироқ оё зуҳур кардааст?

Бархе аз коршиносон ба ин пурсиш посухи манфӣ медиҳанд ва мегӯянд, талошҳои ахири ҳукумати Буш ба ислоҳи авзоъ дар Ироқ бештар ба корзори интихоботии Амрико ва тағйири афкори умум дар ин кишвар бастагӣ дорад. Ба пурсишҳои ин афкор дарсади амрикоиёне ки аз сиёсатҳои Буш дар Ироқ пуштибонӣ мекунанд, мутаносибан ба афзоиши талафот дар ин кишвар ҳамарӯза рӯ ба коҳиш дорад.
Аммо таҳлилгари умури Ховари Миёна, Алиризои Нуризода мегӯяд, на танҳо интихоботи Амрико, балки маҳз ин афзоиши талафоти дар Ироқ, ки нақшаи гузорро ба таъвиқ андохтааст, фишори Вашингтонро ба Бағдод зиёд кард: " Иёлоти Муттаҳида алоқаманд буд, ки ҳамроҳ бо Бритониё масъулиятҳои амниятиро дар устонҳои Ироқ яке баъд аз дигарӣ ба давлати Ироқ вогузор кунад. Вале дар амал дида шуд, ки ҳанӯз нирӯҳои амниятӣ ва артиши Ироқ қобилияти барқарории амниятро надоранд. Нирӯҳи ироқӣ бар замми мушкилоти таъминотӣ ва омӯзишотӣ ба иллати дастбандиҳои мазҳабӣ ва ҳизбӣ дар миёни худашон дучори ихтилоланд ва ин таъсир мегузорад ба амалкардаи онҳо. Бино бар ин Иёлоти Муттаҳида ба ин натиҷа расидааст, ки омӯзониши нирӯҳои ироқиро тақвият диҳад ва замонеро барои давлати Ироқ мушаххас кунад барои бархӯрди шадидтар ба шибҳинизомиён, махсусан шиъагон. Президент Буш дар ин суханонаш бисёр ҷиддӣ буд. Ба гумони ман, ҳарфҳои ӯ дар Бағдод ба таври ҷиддӣ талаққӣ шуд."

Вале аз худи Ироқ хабар мерасад, ки ин натиҷагириро зери шубҳа мегузорад. Рӯзи чаҳоршанбе, 25 октябр, нирӯҳои амрикоӣ ва ироқӣ ба пойгоҳи мусаллаҳони шиъаи Муқтадо Садр дар шаҳраки Садри бағдод ҳамла карданд ва чор нафарро ба ҳалокат расонданд.
Сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Маликӣ дар нишасти хабарӣ дар Бағдод аз ин ҳамла фосила гирифт ва гуфт, касе дар бораи ин амалиёт бо ӯ машварат накардааст ва чунин ҳамла дигар такрор нахоҳад шуд: "Сабаби асосии ончи дар Садр ва ҷойҳои дигар иттифоқ меафтад ноҳамоҳангӣ миёни нирӯҳои мо ва қувваҳои байнулмилалист. Ин яке аз мавзӯъҳои мубоҳисаи мост ва мо роҳи беҳтарине хоҳем ёфт, то бо василаи ҳамоҳангӣ ҳама чиз таҳти назорат бошад."

Дар шаҳри Бақуба як таркиши маргталабона ду афсари полисро дар посгоҳи нирӯҳои ироқӣ кушта, ду раҳгузарро захмӣ кардааст. Се нафари дигар аз сарбозони ироқӣ дар маҳалҳои дигари ин кишвар ба ҳалокат расидаанд. Ва боз дар ҳумаи Бағдод ҷасадҳои бесари навҷавонони ироқӣ кашф шуданд...
XS
SM
MD
LG