Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ ба анҷумани минтақаии иқтисодӣ дар Душанбе


Сармушовири Вазорати умури хориҷии Амрико дар ҳамойиши иқтисодии Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ шоми дирӯз дар Душанбе бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ҷаҳонии молиявӣ ва маҳофили тиҷоратӣ мулоқот кард. Роберт Дейч пас аз ин гуфтушунидҳо ба хабарнигорон гуфт, дар садри як ҳайъати расмии Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон сафар кардааст, то дар конфаронси минтақаии масъалаҳои инержӣ ширкат кунад. Вай дар бораи аҳдофи ин анҷуман чунин изҳори назар кард: "Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври махсус тавонмандиҳои муҳиме доранд, ки нирӯи бештари барқи обӣ тавлид кунанд. Ва бозори бузурги Осиёи Ҷанубӣ ба ин нирӯ ниёзи рӯзафзун дорад. Дар як фароянди қадам ба қадам мо якҷо бо Банки Ҷаҳонӣ ва Банки рушди Осиё талош дорем, бартариҳои барномаеро нишон диҳем, ки тибқи он судури нирӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба фаросӯи марзҳо, ба Афғонистон, Покистон ва оқибат ба Ҳинд имконпазир аст."
Ҷаноби Дейч густариши ҳамкориҳои фаромарзиро омили муассири эътидолу амният дар минтақа номид. Вай изҳори умедворӣ кард, ки конфаронси Душанбе заминае хоҳад буд барои марҳилаи нави ин ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ.
XS
SM
MD
LG