Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйир дар қонуни марзи Тоҷикистон


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни бознигарии қонун дар бораи ҳифзи марзҳои давлатии ин кишвар ба он як банди нав ворид кардааст. Бар асоси ин тағйирот, қарор аст, марзбонон дар сурати шуюъи бемориҳои мусрӣ дар кишварҳои ҳамсоя убуру мурур аз тариқи марзҳои давлатиро қатъ кунанд.


Абдуманнон Холиқов - раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури амният ва дифоъ ба ҳангоми тавзеҳи ислоҳоти ворида ба қонуни мазкур гуфт, қаблан низ дар ҳолати бурузи хатарот алайҳи саломати шаҳрвандон аз беруни кишвар давлат аз чунин тадобир истифода мекард. Аммо набуди заминаи ҳуқуқӣ дар ин маврид мушкилсоз буд.


Абдуманнон Холиқов гуфт, қатъи убуру мурури шаҳрвандон аз тариқи марз ва ҷилавгирӣ аз вуруди коло аз хориҷи кишвар, ки манбаъи бемориҳои сироятӣ арзёбӣ мешавад, баъд аз қабули мусаввабаи махсуси ҳукумати Тоҷикистон ва бо тавсияи коршиносони умури беҳдоштии кишвар пиёда мешавад.


Раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагон барои намуна аз густариши бемории зукоми мурғӣ дар бештари кишварҳои ҷаҳон тайи як муддати кӯтоҳ ёдовар шуд, ки боиси марги одамон низ шудааст. Вай афзуд, ба ҳангоми эъломи тасмими бастани марзҳо дар ҳолоти изтирории беҳдоштӣ кишвари ҳамсояи марбута низ аз пеш дар ҷараён гузошта хоҳад шуд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG