Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйироте дар чанд қонуни Тоҷикистон


Бино бар тағйире, ки имрӯз (25 октябр) дар қонуни Тоҷикистон дар мавриди муроҷиатҳои шаҳрвандон ворид шуд, ҳамакнун ниҳодҳои ҳукуматӣ ягон муроҷиати беимзоро қабул нахоҳанд кард.


Ин тағйир дар ҷаласаи имрӯзаи порлумони Тоҷикистон қабул шуд.


Дар ин ҷаласа ҳамчунин, тағйире дар қонуни марзи Тоҷикистон ворид шуд ва мувофиқи он, марзи кишвар бояд бино бар тағйироти ҳафт соли ахир ба тартиб оварда шавад. Ҳамчунин, бино бар ҳарфи нави қонун, ҳукумат ҳақ пайдо кард, то дар сурати бурузи вабо ва ё маризии сироятие убури марзи давлатиро манъ ва ё маҳдуд кунад.
XS
SM
MD
LG