Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи назарсанҷие дар мавриди интихобот


Се посухи мухталиф ба се суол

Бино бар назарсанҷии созмоне мавсум ба Ipsos шаҳрвандони Конодо фаъолтарин интихобкунандагон будаанд. Ин созмон миёни мардуми нӯҳ кишвари ҷаҳон (ИМА, Конодо, Мексико, Куриёи Ҷанубӣ, Фаронса, Итолиё, Олмон, Испониё ва Бритониёи Кабир) назарсанҷие гузаронидааст бо ин суол, ки дар интихобот то чӣ андоза фаъолона ширкат мекунанд. Бино бар натоиҷи назарсанҷӣ, 73 дар сади канадагиҳои пурсидашуда муттасил ба ҳавзаҳои раъйдиҳӣ мерафтаанд. Олмониҳо ва фаронсавиҳо танҳо ду дар сад аз конодогиҳо камтар фаъол будаанд. Миёни шаҳрвандони ин кишварҳо камтар аз ҳама амрикоиҳо ба пояи қуттиҳои раъйдиҳӣ мерафтаанд.

Натоиҷи назарсанҷии Ипсос:

1) Шумо дар интихобот муттасил ширкат меварзед?

Конодо - 73 %
Олмон - 71 %
Фаронса - 71 %
Испониё - 65 %
Бритониё - 60 %
Мексико - 57 %
Итолиё - 55 %
Куриёи Ҷанубӣ - 54 %
ИМА- 52 %

Ва аммо бештар аз ҳама куриёгиҳои ҷанубӣ мутмаин будаанд, ки раъйи онҳо дар танзими сиёсати давлат нақше мебозад. Камтар аз нисфи испониҳои пурсидашуда чунин бовариро доштаанд:

Натоиҷи назарсанҷии Ипсос:

1) Ба андешаатон раъйи шумо муҳим аст?

Куриёи Ҷанубӣ - 92 %
Конодо - 78 %
Мексика - 78 %
ИМА - 77 %
Олмон - 67 %
Итолиё - 59 %
Фаронса - 58 %
Бритониё - 58 %
Испониё - 41 %

Суоли навбатӣ дар пурсишномаи Ипсос дар бораи андешаи мардум дар мавриди дурустӣ ва воқеъяити ҳисоби натоиҷи раъйҳо будааст. На бештар аз нисфи пурсидашудаҳои ягоне аз ин нӯҳ кишвар ба ҳаққонияти ҳисоби натоиҷи раъйҳо дар интихоботашон бовар доштаанд:

Конодо - 48 %
Олмон - 46 %
Бритониё - 42 %
Фаронса - 33 %
Испониё - 33 %
ИМА - 26 %
Мексико - 24 %
Итолиё - 20 %
XS
SM
MD
LG