Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари тими футболи ҷавонони Тоҷикистон ба Ҳиндустон


Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои ширкат дар қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони то 20-сола рӯзи сешанбеи 24 октябр озими Ҳиндустон шуд.


Ин мусобиқот аз 29 октябр то 12 ноябр дар шаҳри Деҳлӣ баргузор мешавад. Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба «Озодӣ гуфт, ба ҳайати даста 19 бозигари ҷавон аз бошгоҳҳои футболи лигаи олии ин кишвар дохиланд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз 6 то 23 октябр тамрин карда, якчанд бозии санҷишӣ анҷом дод. Оқои Ғафуров афзуд: «Мусобиқоти ниҳоии қаҳрамонии ҷавонони Осиё дар чаҳор гурӯҳ доир мешавад. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» 29 октябр бо тими Ирон, 31 октябр бо тими Ҷопон ва 2 ноябр бо тими Куриёи Шимолӣ рақобат хоҳад кард. Мақсади мо роҳ ёфтан ба қисмати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол байни ҷавонон мебошад.»
Нарзуллоҳи Латиф

Ба гурӯҳи «А» Куриёи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Урдун, ба гурӯҳи "В" Чин, Тайланд, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Австралия ва ба гурӯҳи «D» Ироқ, Малайзиё, Вйетнам ва Арабистони Саъудӣ дохиланд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳалаи чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои чаҳорякниҳоӣ бо ширкати 8 даста рӯзи 6 ноябр баргузор мешаванд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 9 ноябр доир хоҳанд шуд. Бозӣ барои ҷойи севвум ва бозии ниҳоӣ 12 ноябр барпо мегарданд.
Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё - 2006 чаҳор дастаи беҳтарин ба қисмати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ байни ҷавонон, ки аз 30 июн то 22 июли соли 2007 дар Конодо баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG