Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои олимпӣ бо моҳи Рамазон ҳамзамон афтодаанд


Шӯрои муфтиёни Русия аз Кумитаи байнулмилалии олимпӣ хоҳиш кард, мӯҳлати баргузории бозиҳои олимпии соли 2012-ро тағйир диҳад, зеро он ба моҳи мубораки Рамазон рост хоҳад омад. Сухангӯйи ин шӯро Гулнор Ғозиева гуфт, дар бозиҳои олимпӣ одатан зиёда аз 3 ҳазор варзишгари мусулмон ширкат мекунад. "Маҳрум кардани онҳо аз ширкат дар мусобиқа дар шароити имрӯза на танҳо як амали ғайриахлоқӣ, балки иғвогарона буда метавонад."
Шӯрои муфтиёни Русия гуфтааст, ҳоло ҳам фурсати ин ҳаст, ки рӯзҳои баргузории олимпиада тағйир дода шаванд. Тибқи нақша ин бозиҳо қарор аст аз 27-уми июл то 12-уми августи соли 2012 дар Лондон ҷараён гиранд. Бо дархости тағйири санаи бозиҳои олимпӣ чанде пеш ҳукумати Туркия ва кишварҳои дигар низ ба Кумитаи байнулмилалии олимпӣ муроҷиат кардаанд. Раиси кумитаи олимпии Малайзия Кок-чи Сиеҳ ба мо гуфт, мӯътақид аст, ки таърихи баргузории бозиҳои олимпӣ тағйир дода хоҳад шуд ва сӯҳбатҳо дар ин бора дар Кумитаи байнулмилалии олимпӣ шурӯъ шудаанд. Мақомоти исломӣ ва олимпии Тоҷикистон дар ин бора изҳори назар накардаанд.
XS
SM
MD
LG