Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҷараномаи Туркманбошӣ чоп шуд


Дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон, китобе мунташир шудааст, ки ҳовии шаҷараномаи падарии Сафармурод Ниёзов, раисиҷумҳурии ин кишвар аст.


Ин китоб зери унвони "Шаҷараномаи Туркманбошии Бузург" рӯзи сешанбе (24 октябр) вориди китобфурӯшиҳои Туркманистон шуд. Китоб ба ду забони туркманӣ ва русӣ иншо шудааст ва торихи ҳашт пушти мансуб ба хонадони Ниёзовро баррасӣ мекунад.


Оқои Ниёзов иддаъо мекунад, ки падараш Отамурод Ниёзов дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум қаҳрамонона ҷон дод, аммо мухолифони вай ба ин иддаъои расмӣ шак кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG