Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев хостори пазириши расмулхатти лотин шуд


Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳурии Қазоқистон, пешниҳод кардааст, ки мубоҳисот дар бораи шитоб бахшидан ба пазириши расмулхатти лотин барои забони қазоқӣ аз сар гирифта шавад.


Вай хитоб ба Маҷмаъи Мардумони Қазоқистон (як ниҳоди машваратии раёсати ҷумҳурӣ) гуфт, ки шуморе аз кишварҳои Шӯравии пешин, ба монанди Озарбойҷон, Узбакистон ва Тукрманистон, то кунун расмулхатти худро аз сириллик ба лотин табдил кардаанд ва Қазоқистон низ ба навбаи худ бояд иқдоми мушобеҳе анҷом диҳад.


Аммо вай ҳушдор дод, ки табдили расмулхат бояд "бидуни шитобзадагӣ" сурат бигирад ва пешниҳод кард, ки барои муддате ҳар ду хатти сириллик ва лотин мавриди корбурд бимонад, то марҳилаи гузор осонтар бошад.


Оқои Назарбоев ҳамчунин хостори тарвиҷи омӯзиши забони қазоқӣ дар миёни мардуми ғайриқазоқи муқими Қазоқистон шуд ва гуфт, ки барои ҷойгузинии истилоҳоти илмии русӣ бо муъодилҳои қазоқии онҳо низ бояд талош кард.

Аммо вай таъкид кард, ки доманаи истифода аз забони русӣ бидуни тағйир боқӣ бимонад, "зеро он яке аз омилҳои рақобатпазирии Қазоқистон аст."
XS
SM
MD
LG