Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нооромиҳо дар Будопест


Дар ҷараёни задухурд миёни муътаризони зидди давлати Маҷористон ва пулиси он кишвар дар шаҳри Будопест ҳудуди 70 тан захмӣ шудаанд.


Ин даргирӣ рӯзи душанбе (23 октябр) дар ҷараёни маросими панҷоҳумин солрӯзи шӯриш алайҳи ҳукумати Шӯравӣ дар соли 1956 иттифоқ уфтод.


Нирӯи пулис барои пароканда кардани муътаризон дар чанд бахши пойтахти Маҷористон аз гози ашковар, гулӯлаҳои плостикӣ ва тӯпҳои обпош истифода кардааст.


Рӯзи сешанбе манобеъи пулис гуфтанд, ки беш аз 30 тан аз тазоҳуроткунандагонро боздошт кардаанд. Дар ин рӯйдод ҳудуди 10 афсари пулис захмӣ шудаанд.


Муътаризон хостори истеъфои Ферентс Ҷйурчанӣ, нахуствазири сосиалисти Маҷористон буданд. Оқои Ҷйурчанӣ эътироф кардааст, ки қабл аз интихобот дар авоили соли равон дар бораи вазъияти иқтисодии кишвараш дурӯғ гуфта буд.
XS
SM
MD
LG