Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз иди Фитр дар Тоҷикистон


Таҷлил аз иди Рамазон дар шаҳри Душанбе бо гузоштани намози ид дар масоҷиди пойтахт дар соати ҳашти вақти маҳаллӣ оғоз шуд. Қабл аз намози ид дар масҷиди марказии Душанбе Муҳаммадсайид Убайдуллоев шаҳрдори пойтахт ва раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон суханронӣ кард ва намозугзоронро ба ин рӯз табрик гуфт.


Ӯ таъкид кард, ки дар Тоҷикистон эътиқод ба дин озод аст ва қавонини кишвар ин мавридро барои шаҳрвандон таъмин кардаанд. Оғои Убайдуллоев дар айни ҳол гуфт, ки шумори намозгузорон ва фарҳанги исломӣ, ки мусоидат ба пешраф ва ваҳдат мекунад, афзудааст.


Шаҳрдори Душанбе ҳамчунин паём дод, ки масъалаи масҷидҳои ҷомеъ, ки аз ду сол ба ин ҷониб баҳси он идома дошт ҳал шудааст. Ӯ гуфт ин масоҷид бидуни иҷоза сохта шудааст, аммо бо вуҷуди ин ба таври истисно шаҳрдорӣ дастури ба расмият даровардани ин масоҷидро додааст.


Иди Рамазон имсол дар остонаи интихоботи Раёсати ҷумҳурии кишвар баргузор мешавад. Аммо Муҳаммадсайид Убайдуллоев зимни суханони худ ишорае ба интихобот накард.
Ба манзури таҷлил аз ҷашни Рамазон танҳо имрӯз, сешанбе дар Тоҷикистон таътили расмӣ эълон шудааст. Аммо тибқи маъмул таҷлил аз иди моҳи рамазон ду рӯзи дигар низ идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG