Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Донишгоҳи Монтанаи Амрико


Донишгоҳи Монтанаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, барои Тоҷикистон мутахассисони ҳуқуқи байнулмилалӣ омода кунад. Яке аз сарони донишгоҳ Меҳрдоди Киё пас аз дидор бо сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Ҳамроҳхон Зарифов ва як ҳайъати ҳафтнафараи фиристодагони Тоҷикистон гуфт, бо ин мақсад шумораи донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Монтана, ки ҳоло 15 нафаранд ба 30 нафар зиёд хоҳад шуд. Ҷаноби Киё ба радиои Озодӣ гуфт, дар машварат бо донишмандони тоҷик қарор шуд як донишномаи ситорагони фарҳангу тамаддуни тоҷику форс ва як раҳнамои ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва ҷуғрофиёии Тоҷикистон барои ҷалби бештари сайёҳони ғарбӣ ба Тоҷикистон мунташир шаванд. Дар конфаронси илмии Донишгоҳи Монтана донишмандони тоҷик дар мавзӯъҳои таърихи вожаи "тоҷик", саҳми тоҷикон дар таъин меъёрҳои ҳуқуқи башарӣ, равобити Тоҷикистон бо Афғонистон ва Эрон ва таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон суханронӣ карданд.
Ҳамкории Донишгоҳи Монтана ва Вазорати маъорифи Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2005 шурӯъ шуда, ҳайъатҳои ду тараф борҳо меҳмони якдигар шудаанд. Дар ин донишгоҳ 14 ҳазор донишҷӯ дар риштаҳои гуногун таҳсил мекунанд.
XS
SM
MD
LG