Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Оё номзадии Э. Раҳмонов дар интихобот машрӯъ аст?"


Ҳарфи қонун

Ангезаи умдаи баҳс ба муқаррароти интиқолии натиҷаҳои ҳамапурсии соли 2003 марбут аст, ки аз ҷумла мегӯяд:

"Интихоби пай дар паи Президент барои ду муҳлат, ки дар қисми чоруми моддаи 65 пешбинӣ шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати президенти амалкунанда оғоз меёбад."

Яъне, бар мабнои ин модда, интихоби раисиҷумҳурии ҷадид қарор аст пас аз поёни ваколати раисиҷумҳурии феълӣ баргузор шавад. Оё ваколати раёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмонов кай ба поён мерасад?

Назари мухолифони давлат

Раҳматуллоҳ Зоҳиров, раҳбари Ҳизби Сосиал-Демократ ба ин пурсиш посух медиҳад:

"Қонуни Асосии Тоҷикистон ба таври комилу мушаххас дар моддаи 67-уми худ ба ин пурсиш ҷавоб гуфтааст. Дар он гуфта шудааст, ки ваколати президенти феълӣ дар замоне ба поён мерасад, ки раисиҷумҳурии нав интихоб шавад ва дар нишасти муштараки Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси миллӣ савганд ёд кунад. Агар президенти нав интихоб нашавад ва дар нишасти муштараки ду маҷлиси порлумон савганд ёд накунад, ваколати раисиҷумҳурии феълӣ ҳаргиз поён намеёбад. Яъне он чизе, ки дар ҳамапурсии 22 июни 2003 ба қисмати чаҳоруми моддаи 65 ворид карда буд, то кунун эътибори ҳуқуқӣ надорад."

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон аз Ҳизби Сосиал-Демократ низ бо таъйиди изҳороти Раҳматуллоҳ Зоиров мегӯяд, ки бино ба тағйироте, ки дар Қонуни Асосии Тоҷикистон иҷод шуда низ, Эмомалӣ Раҳмонов ҳаққи ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯъро надорад:

"Дар низоми ҳокимияти Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки Додгоҳи Қонуни Асосӣ вуҷуд дорад, он пойбанди мақомоти иҷроия аст. Аз ин рӯ онҳо аз равшанӣ андохтан ба ин масъала худдорӣ карданд. Мо ҳамчунин ба таври навишторӣ ба порлумони Тоҷикистон муроҷеъат карда будем, аммо аз онҳо ҳам ҷавобе ҳосил нашуд. Чун порлумони Тоҷикистон низ аслан таъйинотӣ аст ва таҳти кунтрули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад."

Назари мувофиқони давлат

Вале Шерхон Салимов, раиси кумитаи қонунгузории Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо мо гуфт, ки борҳо ба ин иддаъои Ҳизби Сосиал-Демократ посух дода ва метавонад посухашро такрор кунад:

"Албатта, Эмомалӣ Раҳмонов, аз рӯи тағйироте, ки соли 2003 ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуд, ҳуқуқи комил доранд, ки дар маъракаи интихоботии имсола ва боз як навбати дигар ширкат варзанд. Якум ин ки меъёри Сарқонун дар бораи пай дар пай ба ду муҳлати раёсати ҷумҳурӣ интихоб шудани як шахс тибқи банди якуми "Муқаррароти интиқолӣ" аз рӯзи гузаштани ҳамапурсӣ ва баъд аз интишори натиҷаҳои ҳамапурсӣ қувваи қонунӣ гирифтааст. Банди дигари "Муқаррароти интиқолӣ", ки интихоботи пай дар паи як шахс ба мансаби президентӣ нисбати президенти амалкунанда баъд аз ба охир расидани ваколати ӯ о-ғ-о-з меёбад! Мехоҳам махсус ба ин иборат диққат бидиҳед, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ "мавриди амал қарор мегирад" ё ин ки "қувваи қонунӣ мегирад", аз "оғоз меёбад" фарқ мекунад. Яъне, ин давра, ки Эмомалӣ Раҳмонов президент буд, вақте ки ин муҳлати ваколаташ рафта истодааст, дар маъракаи интихоботие, ки баъд аз ин тағйиру иловаҳо шурӯъ мешавад, муҳлати ваколати пештарааш ба ҳисоб гирифта намешавад ва баъд аз ин муҳлати нав, интихоботҳои нав барои ду муҳлат иштирок намудани ӯ дар интихобот оғоз меёбад."

Ва аммо бино ба иддаъои мухолифони ин дидгоҳ, дар табсираи мавриди назар суҳбат аз ваколате намешавад, ки ба қавли оқои Салимов, "рафта истодааст." Ба гуфтаи онҳо, дар он табсира ба вузӯҳ гуфта шуда, ки интихоби пай дар пайи раисиҷумҳурӣ пас аз поёни ваколати раисиҷумҳурии феълӣ оғоз меёбад. Ва ваколати раисиҷумҳурии феълӣ ҳам замоне поён меёбад, ки нафаре дигар ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ баргузида шавад. Шерхон Салимов ба ин иддаъо посух медиҳад:

"Ҳангоме ки мардуми Тоҷикистон, ки ҳангоми раъйпурсӣ ҳамин муқаррароти интиқолиро қабул карданд, ҳамаи онҳо медонистанд, ки акнун бо ин муқаррароти интиқолӣ ба Эмомалӣ Раҳмонов имкон медиҳанд, ки боз ду навбати оянда дар интихобот ширкат кунад."

Пурсиш: Оё воқеъан мардум медонистанд? Чун ба назар мерасид, ки расман дар ҷое гуфта намешуд, ки пазириши тағйирот ба маънии додани ин имкон ба оқои Раҳмонов аст...

Шерхон Салимов: "Барои чӣ намегуфтанд? Гуфта буданд. Ҳатто ҳамин расонаҳои хориҷӣ дастак карда мегуфтанд, ки "ана, боз Эмомалӣ Раҳмонов ба ду муҳлати дигар ва ҷамъулҷамъ 28 сол метавонад, ки президент шавад."

Пурсиш: Вале давлати Тоҷикистон расман дар ин бора чизе намегуфт дар он замон, на?

Шерхон Салимов: "Хай, расман давлат нагуфт, лекин расонаҳои хабарӣ гуфтанд ва мардум инро хуб дарк карда буд."

Вале Раҳматуллоҳ Зоиров бар ин бовар аст, ки ба ҳангоми таҳияи ислоҳоти Қонуни Асосӣ ҳуқуқдонони давлат ва порлумон маводди онро ба хубӣ таҳлил накарда буданд:

"Мо дар Тоҷикистон, дар миёни ҳуқуқдонҳо як бемории хеле бад дорем. Чизе, ки аз тарафи як ё якчанд мутахассис таҳия ва пешниҳод мешавад, агар ба таъйиди раҳбари давлат ё ҳукумати ҷумҳурӣ расид, қариб ки таҳлилу мутолеъа намекунанд."

Созмонҳои байнулмилалӣ чӣ мегӯянд?

Раҳматуллоҳ Зоиров ва Шокирҷон Ҳакимов мегӯянд, ки ин нигаронии худро бо намояндагиҳои созмонҳои хориҷӣ дар Душанбе, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо низ дар миён гузоштаанд. Аммо нозирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва Бунёди ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари ин созмон дар нахустин гузориши худ дар бораи корзори интихоботии раёсати ҷумҳурӣ номзадии Эмомалӣ Раҳмонов дар интихоботро аз натиҷаҳои тағйири Қонуни Асосии Тоҷикистон дар соли 2003 донистаанд. Дар ин гузориш мехонем:

"Дар натиҷаи раъйпурсии соли 2003, ба Президенти феълӣ, ки бори нахуст соли 1994 ва баъд соли 1999 дубора Президент интихоб шудааст, раво дониста мешавад, то номзадии вай дар интихобот боз ду бори дигар, яъне соли 2006 ва соли 2013 пешбарӣ шавад."

Дар тамосе бо Урдур Гуннарсдоттир, сухангӯи Созмони Амниятва Ҳамкории Урупо дар Варшав, аз ӯ пурсидам, ки ин иддаъои онҳо аз куҷо бармеояд:

Гуннарсдоттир: "Ин наҳваи диди мост, ки дар гузориши мо омадааст. Мухолифони ин наҳваи тафсири усули Қонуни Асосӣ бояд бо дафтари мо дар Душанбе ва бо мақомоти Тоҷикистон тамос бигиранд. Зеро дар ниҳояти амр ҳукми додгоҳ хоҳад буд, ки ин қазияро бояд мушаххас кунад. Мо дар ин бора ҳукм содир намекунем. Мо пулиси интихоботӣ ё ҳуқуқӣ нестем. Мо чизеро навиштем, ки наҳваи дарки мо аз қонун аст."

Аммо шуморе аз мухолифони давлати Тоҷикистон муътақиданд, ки яке аз умдатарин усули интихобот, ки дар Қонуни Асосӣ омадааст, тавассути раисиҷумҳурии кишвар поймол мешавад. Аз бону Гуннарсдоттир пурсидам, ки оё коршиносони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо пеш аз таҳияи гузориши худ ҳамаи қонунҳои марбутаи Тоҷикистонро ба хубӣ мутолеъа кардаанд:

Гуннарсдоттир: "Мо ҳамаи санадҳоро омӯхтаем ва бо мақомоти давлат дар тамосем. Бо ҳизбҳои сиёсӣ низ иртибот дорем, аммо ман ҳаргиз нашунидаам, ки ин нигаронӣ матраҳ шуда бошад. Ба ҳар ҳол, ман дар Варшав нишастаам ва ҳайъати мо дар Душанбе аст. Эҳтимол дорад ин масъала бо ҳайъати созмони мо дар Душанбе матраҳ шуда бошад ва агар ин корро кардаанд, ман мутмаиннам, ки онҳо ҳатман ба ин масъала таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Аммо ман ҳоло наметавонам ба шумо посухи мушаххасе бидиҳам. Бояд бо намояндагиамон дар Душанбе тамос бигирам ва фикр намекунам, ки онҳо ҳам дар ҳоли ҳозир чизи зиёде барои гуфтан дошта бошанд. Дар ҳар сурат, мо дар бораи наҳваи тафсири қонун ҳукме намедиҳем. Ин кори додгоҳҳост."

Дилсардии мухолифон аз созмонҳои байнулмилалӣ

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, муъовини Ҳизби Сосиал Демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки ба дахолати созмонҳои байнулмилалӣ барои ҳалли ин қазия чандон умедвор нест:

"Усулан, масалан, Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо ё баъзе кишварҳои ғарбӣ аз мо шифоҳан ҷонибдорӣ мекарданд, вале ба таври хаттӣ аз додани ҷавоб худдорӣ мекарданд ва баҳона мекарданд, ки ин ба сатҳи фарҳанги сиёсӣ, мавҷудияти иродаи сиёсӣ ва тамоюли мақомоти давлат ба арзишҳои башарӣ ва демократӣ бастагӣ дорад."

Анна Матвеева, як пажӯҳишгари Муассисаи Мутолеъоти Амниятии Иттиҳодияи Урупо, дар гузориши ахири худ дар бораи авзоъ дар Осиёи Миёна ба Иттиҳодияи Урупо машварат кардааст, ки камтар рӯи демукросӣ дар Осиёи Миёна таъкид кунад ва бештар рӯи масоили амниятӣ тамаркуз дошта бошад, зеро ба гуфтаи вай, бофти иҷтимоъии Осиёи Миёна барои рӯи кор омадани як системи бози мубтанӣ бар шоистасолорӣ мусоъид нест ва равобити хешовандию маҳаллӣ ҷойгоҳи бартаре дорад. Анна Матвеева муътақид аст, ки кишварҳои урупоӣ бояд бештар рӯи таҳкими амният дар Осиёи Миёна, мубориза бо маводди мухаддир ва ҷилавгирӣ аз шиканандагии давлатҳо дар минтақа мутамаркиз бошанд ва камтар рӯи масоили марбут ба демукросӣ ангушт бигзоранд.

Бо вуҷуди ин, Раҳматуллоҳ Зоҳиров, мушовири пешини раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар умури ҳуқуқӣ, бар ин бовар аст, ки ба ҳар қимате фарҳанги эҳтиром ба қонун бояд дар Тоҷикистон шакл бигирад. Вай қасд дорад пас аз баргузории интихобот ва пирӯзии қариб ба яқини Эмомалӣ Раҳмонов дар он дубора машрӯъияти оқои Раҳмоновро бар мабнои Қонуни Асосӣ зери суол бибарад ва дар сурати зарурат ин мавзӯъро бо Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал низ дар миён бигзорад.
XS
SM
MD
LG