Пайвандҳои дастрасӣ

"Дидор" наздик аст


Сафари Ҳақдод, таҳиягари тоҷик ва яке аз созмондиҳандагони ҷашнвора ба мо гуфт, ки фестивал ба чаҳор бахш қисмат шудааст. Дар бахши аввал фақат филмҳои кӯҳоҳметраж ширкат хоҳанд кард. Бахши дуввум "Мероси ягона" номгузорӣ шуда, дар он 9 филми таҳиягарони тоҷик ба маърази тамошо гузошта мешавад. Мавзӯъи бахши саввуми ҷашнвораи "Дидор"- вазъи Афғонистони ҳамсоя аст ва он аз филмҳои таҳиягарон аз кишварҳои гуногун дар бораи ин кишвари ҷангзада мураттаб шудааст. Дар бахши чаҳоруми ҷашнвора фақат офаридаҳои таҳиягарони Маркази филмҳои мустанади Эрон тақдим хоҳанд шуд.
Созмондиҳандагони ҷашнвора мегӯянд, онҳо филмҳоеро интихоб кардаанд, ки муаллифонашон аз баррасии мавзӯъи бархурди тамаддунҳо парҳез кардаанд, зеро ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ фарҳанги вижа доранд, ки қиёснопазир аст.
Ба иттилоъи Сафари Ҳақдод, филмҳои пирӯз ҷоизаи аслии ҷашнвора - пайкара аз сангҳои гаронбаҳоро дарёфт хоҳанд кард. Ӯ афзуд, аз ҷумла, филми ғолиб дар бахши "Мероси ягона" бо пайкара ва чаҳор ҳазор доллар соҳиб хоҳад шуд. Зимнан, Маркази филмҳои мустанади Эрон барои беҳтарин таҳиягари ин бахш низ ҷоиза муқаррар кардааст. Таҳиягари пирӯз ҳамчунин барои таҳсил ва андӯхтани таҷриба ба Эрон хоҳад рафт.
Ба гуфтаи Сафари Ҳақдод, аллакай тасмим гирифта шудааст, ки ҷашнвораи ояндаи "Дидор" баъди ду сол дар Кобул баргузор шавад. Ёдовар мешавем, ҷашнвораи "Дидор" нахустин бор тирамоҳи соли 2004-ум дар Душанбе доир гардид ва ҳайати ҳакамони ҷашнвораро таҳиягари маъруфи иронӣ Мӯҳсини Махмалбоф сарварӣ мекард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG