Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Суғд-1" - қаҳрамони волейболи Тоҷикистон


Дастаи аввали вилояти Суғд қаҳрамони волейболи Тоҷикистон байни тимҳои мардона дар соли 2006 гардид.

Нур Одинаев, мураббии маъруфи волейболи тоҷик ба «Озодӣ» гуфт, мусобиқоти қаҳрамонии волейболи Тоҷикистон дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд бо ширкати ҳафт тими мардона дар ду гурӯҳ сурат гирифт. Дар бозиҳои ниманиҳоӣ дастаи мунтахаби Душанбе бар тими вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ бо натиҷаи 3 бар 2 ва дастаи «Суғд-1» бар тими «Суғд-2» бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз шуданд. Бад-ин тартиб бозии ниҳоӣ миёни тимҳои «Суғд-1» ва Душанбе баргузор шуд. Дастаи аввали вилояти Суғд, ки ба ҳайати он беҳтарин бозигарони ҷамъияти варзишии «Динамо» шомиланд, маҳорати баланд зоҳир карда, тими пойтахти ин кишварро бо натиҷаи 3 бар 0 шикаст дод ва бо медолҳои тиллои мусобиқот сарфароз гашт.Тими Душанбе, ки аз ҳисоби бозигарони ҷавон ташкил шудааст, мақоми дуввумро гирифт ва соҳиби медолҳои нуқра гардид. Дастаи вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ, ки барои ҷойгоҳи севвум бар тими «Суғд-2» бо натиҷаи 3 бар 0 ғалаба кард, бо медолҳои биринҷӣ қадрдонӣ шуд.

Ба андешаи коршиноси соҳа Нур Одинаев, волейболи тоҷик, бахусус тайи ду соли ахир, пас аз раиси Федеросиюни волейболи Тоҷикистон интихоб шудани Саидҷон Зубайдов, вазири мухобироти ин кишвар рушд меёбад. Вай мегӯяд, дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон беҳтарин дастаҳои волейбол аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карданд. Вале теъдоди онҳо ҳанӯз ҳам кам аст, ҳол он ки дар Тоҷикистон волейболбозони бомаҳорат бисёранд ва онҳоро метавон дар дастаҳои мухталиф ҷамъ овард. Ҳамчунин, афзуд ӯ, таъсиси лигаи волейболи Тоҷикистон тақозои замон аст. Ба гуфтаи оқои Одинаев барои омодагии хуби тими мунтахаби мардонаи волейболи Тоҷикистон ба Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар мураббии хуб зарур мебошад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG