Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмонов иди Фитрро шодбош гуфт


Дар табрикоти идонаи худ бахшида ба фарорасии иди Фитр Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мардуми кишвар дархост намудааст, то дар интихоботи рӯзи шашуми ноябр фаъолона ширкат намоянд.


Президент Раҳмонов мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии иди муқаддаси мусалмонон табрик гуфта ба онҳо саломатӣ, сулҳу субот ва хушбахтӣ орзу намудааст. Президент Раҳмонов гуфтааст, беҳтарин намунаи хайр мадад ба солхӯрдаву нотавонҳо мебошад. Тоҷикистон аз Иди саиди Фитр рӯзи 24 октябр таҷлил мекунад.


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар номаи табрикотияш ҳамчунин мардуми кишварро ба иштироки фаъолона дар интихоботи раёсати ҷумҳурии шашуми ноябр даъват кардааст. Дар номаи табрикотии раиси ҷумҳур омадааст, обрӯи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз натоиҷи ин интихобот вобаста аст. Президент Раҳмонов гуфтааст, ин интихобот бояд омиле барои иттиҳоди миллат шаванд.
XS
SM
MD
LG