Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти номзадҳо дар ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Хоруғ


шаҳри Хоруғ

Се номзади интихоботи президентӣ -- Олимҷон Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Талбак Исмоилов аз Ҳизби коммунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалист рӯзи якшанбе дар ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Хоруғ бо интихобкунандагон мулоқот карданд.
Аз номи Эмомалӣ Раҳмонов, номзад аз Ҳизби халқию демократӣ ва Амир Қарокулов аз Ҳизби кишоварзон дар ин нишастҳо ашхоси мӯътамади онҳо намояндагӣ карданд. Мақомоти маҳаллӣ талош карданд, дар ин вохӯриҳо сокинони деҳот ва ноҳияҳои атроф низ ҳузур дошта бошанд. Дар мулоқоте ки дар Донишгоҳи шаҳри Хоруғ ҷараён ёфт, аз намояндаи Кумисюни марказии интихобот, ҷаноби Тағоев, пурсида шуд, оё чунин сафари якҷояи номзадҳо дар қиёс ба интихоботи гузаштаи порлумонӣ, ки дар он намояндагони ҳизбҳои мухолиф таҳти фишор буданд ва дари муассисаҳои таълимӣ ё фарҳангӣ ба рӯи онҳо баста буд, аломати фармоишӣ будани пешбарии номзадҳо нест? Фиристодаи кумисюни марказии интихоботӣ гуфт: "Қонун мегӯяд, ки муборизаи сиёсӣ ҷои бозӣ ва фармонравоӣ нест. Ҳамон ҳизбро, ки ташкил кардӣ, бо мақсаде ки ба муборизаи сиёсӣ ворид шавӣ."
Номзад Ғаффоров гуфт, ҳизби ӯ аз ҳаққи худ барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ истифода мекунад. Номзади коммунистҳо Исмоилов ҳамзамон бо муаррифии барномаи худ вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро таҳти танқиди сахт қарор дода гуфт, агар пирӯз шавад, маҳалгароиро дар кишвар барҳам хоҳад дод. Аммо афзуд, вай дар баробари сиёсати президенти феълии кишвар "ягон чизи дигаре" карданӣ нест.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, шаҳри Хоруғ
XS
SM
MD
LG