Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Тавилдара як рӯз пеш овоз медиҳанд.


Сокинони панҷ деҳаи дуруфтодаи ноҳияи Тавилдара, 200 километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон як рӯз қабл аз баргузории интихоботи қарибулвқӯъи раиси ҷумҳурии ин кишвар пойи сандуқҳои раъйдиҳӣ мераванд. Раҳмон Умаров масъули ҳавзаи интихоботии рақамаи 12 ноҳияи Тавилдара бо баёни ин матлаб гуфтааст раъйдиҳӣ дар панҷ деҳаи ноҳияи мазкур панҷуми ноябри соли равон сурат мегирад. Оқои умаров дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ тавзеҳ дод ин тасмим ба манзури таъмини ширкати фаъоли сокинони рустои Роғай ва бархе аз деҳоти дигар,ки дар фосилаи дур аз ҳавзаи интихоботии рақами 30 қарор доранд гирифта шудааст. Бинобар омори расмии ҳавзаи маркакзии интихоботии ноҳияи Тавилдара шумори раъйдиҳандагон дар панҷ деҳаи дуруфтодаи ноҳияи кӯҳии Тавилдара ҳудуди 7 ҳазорро ташкил медиҳад ва овоздиҳӣ дар ин деҳот бо истифода аз қуттиҳои сайёр сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG