Пайвандҳои дастрасӣ

Онно Ван дер Винд қасди мулоқот бо Э Раҳмонов дорад.


Дар остонаи интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати нозирони дарозмуддати Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар ин кишвар бо чаҳор довталаби мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот анҷом додааст.
Ин матлабро Онно Ван дер Винд раҳбари ҳайати мазкур дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ таъйид намуд. Оқои Ван дер Винд дар ин робита гуфт: «Мо дар доираи барномаи пеш аз интихоботии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо Исмоил Талбаков номзади ҳизби коммунист, Абдуҳалим Ғаффоров сарвари ҳизби сотсиалист ва Олим Бобоев раиси ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дидору сӯҳбат доштем. Ахиран бо Амир Қароқулов раиси ҳизби кишоварзии Тоҷикистон низ мулоқоти ҷудогона анҷом додем. Мо ҳамчунин бо Давлаталӣ Давлатов муовини раиси ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон низ дидору вохурӣ намудем.
Вале ҳамзамон қасд дорем бо сарвар ва номзади ин ҳизб дар корзори интихоботӣ Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии феълии Тоҷикистон ҳам мулоқот ороем».


Ҷаноби Ван дер Винд афзуд дар мулоқотҳои анҷом гирифта атрофи мавзӯъи дастрасии номзадҳо ба матбуъот ва имконоти моливу таблиғотии онҳо сӯҳбат шудааст.
Раҳбари ҳайати нозирони байналмилалии интихобот дар Тоҷикистон гуфтааст аз сӯи номзадҳои довталаб ба мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина ҳеҷ гуна арзу шикоят матраҳ нашудааст.


Мавзуъи дастрасӣ ба матбуъот ва имконоти молии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле аз сӯи ҳайати нозирони Созмони амнияту ҳамкории аврупо матраҳ мегардад,ки ин ҳайат дар нахуст гузориши миёндаврии худ, ки 12 октябр ба табъ расид, аз нобаробарии имконоти молии довталабон, набуди фазои озоди матбуъотӣ ва ҳамчунин камрангии рақобат дар миёни довталабони курсии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод карда буд.
XS
SM
MD
LG