Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Онно Ван дер Винд: "Умедворем интихобот хубтар баргузор мешавад"


Раҳбари нозирони байналмилалии интихоботӣ дар Тоҷикистон гуфт, умедвор аст, интихоботи раёсати ҷумҳур назар ба интихоботҳои гузашта беҳтар баргузор мешавад, аммо вай ҳамзамон ба мушкилот аз ҷумла адами шафофият дар корзори интихоботӣ ишора кард.


Онно Ван дер Винд - раҳбари нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба хабаргузории "Ассошиейтед Пресс" гуфтааст, "интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон мувофиқ ба меъёрҳои ин созмон баргузор нашуд, аммо мо умедворем шоҳиди беҳбудиҳо дар интихоботи оянда хоҳем шуд."


Раҳбари ҳайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе аз шарҳи таҳрими интихобот аз ҷониби аҳзоби мухолиф ва аз онки президент Раҳмонов дигар ҳаққи пешниҳод кардани номзадии худро надошт, худдорӣ карда ва гуфтааст: "Барои мо дар воқеъ Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчун номзад ба мақоми раёсати ҷумҳур тибқи қонунҳои миллӣ сабти ном шудааст. Бо вуҷуди маҳдудияти теъдоди номзадҳо, ҳеҷ кас наметавонад, бигӯяд, ки мардуми Тоҷикистон номзади алтернативӣ барои интихобот надоранд."


Онно Вандер Винд ҳамчунин ба чанд нуқси дигар дар низоми интихоботии Тоҷикистон ишора карда ва гуфтааст, таркиби кумиссиёни интихоботӣ ва усули таъсиси қитъаҳои интихоботӣ мушкили ҷиддӣ дорад ва корзори интихоботӣ шафоф нест.
XS
SM
MD
LG