Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумиссиюни Ҳелсинки дар Вошингтон ба интихоботи Тоҷикистон хоҳад пардохт


Кумисиюни Амрико дар умури амният ва ҳамкорӣ дар Урупо, ки бештар бо номи Кумисиюни Ҳелсинки маъруф аст, эълон карда, ки рӯзи 26 октябр дар як нишаст дар Вошингтон ба мавзӯъи "Демократия дар Тоҷикистон: арзёбии муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ" хоҳад пардохт.


Кумисиюни Ҳелсинки интихоботи рӯзи 6 ноябрро як имтиҳон барои дурнамои ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон номида гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмонов, ки бори аввал соли 1994 ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд, дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ давраи раҳбариашро метавонад боз то дастикам як давраи дигари ҳафтсола тамдид кунад.


Қарор аст, дар баррасиҳои нишасти Кумисиюни Ҳелсинки доктор Эрик МакГлинчӣ, Денис де Трей, ноиби раиси маркази рушди байналмилалӣ ва фиристодаи собиқи Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Тоҷикистон ва Антони Бовйер, раҳбари барномаҳои АЙФЕС, Бунёди байналмилалии низомҳои интихоботӣ дар Осиёи Марказӣ суханронӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG