Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории раисони бозорҳои "Баракат", "Саховат" ва "Шоҳмансур"


Шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев бо судури як қарор руъасои се бозори бузурги сабзавоту меваҷоти пойтахт бозорҳои "Шоҳмансур", "Саховат" ва "Баракат"-ро аз мақомҳояшон барканор кард. Руъасои ин се бозор ба далели камбудиҳои фаровон дар фаъолияти бозорҳо ва гирифта натавонистани пеши роҳи, ба гуфтаи шаҳрдорӣ, "сохторҳои муфтхӯр", тарки курсӣ кардаанд. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе гуфт, руъасои ин се бозори бузург ба иллати иҷро накардани қарори ҳукумати пойтахт дар бораи таъмини бозорҳо бо маҳслуоти фаровони кишварзӣ дар остонаи фасли сармо, масъулиятноишносӣ ва ҳам ба маҳзи беназмие, ки дар нарху навои маҳсулот дар бозорҳо дида мешавад, сабукдӯш шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки бозорҳои пойтахти Тоҷикистон дар арафаи иди саиди Фитр бо авҷи нави афзоиши нархҳо рӯбарӯ шудаанд. Сафаралӣ Шодиев, як сокини пойтахт, ки бо халтаи нимахолӣ аз бозор берун мешуд, ба Родиёи Озодӣ гуфт, нарху навои бозор бо буҷаи хонаводаи ӯ мувофиқ намеояд ва чунин ҳол метавонад дастурхонаи рӯзи иди ӯро тиҳӣ аз хеле нозу неъматҳо гузорад.

Нархи 1 литр равғани пахта то 3,5-4 сомонӣ, равғани маска бошад то 15 сомонӣ боло рафтааст. Як халта орди навъи аввал - 58 сомонӣ, як кило картошка - 1 сомониву 70 дирам ва пиёз аз 70 дирам то 1 сомонӣ арзиш доранд. Як килдо гӯшти гӯсфанд 13 сомонӣ ва килои гӯшти гов дар бозорҳо 12 сомонист. Ва танҳо дар саҳни бозори "Баракат" бо ибтикори раиси Бонки Миллии Тоҷикистон муродалӣ Алимардонов, ширкати хусусие бо номи "Файзбахш" фурӯши гӯшти говро бо қимати босавобтари 9 сомонӣ барои ҳар кило ба роҳ мондааст. Абдусалом Мирзоев, муовини раиси ширкати "Файзбахш" ба Родиёи Озодӣ гуфт: "Бо як гул, албатта, баҳор намешавад, вале як парасту ҳам нишонаи баҳор ҳаст. Шояд ибтикори мо барои дигарон ҳам намуна шавад."
XS
SM
MD
LG