Пайвандҳои дастрасӣ

Занҷири гусаста


Ба гуфтаи Шеравлиё Мирзоавлиёев - сарвари пешини Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд ва яке аз ширкаткунандаҳои ин ҳамоиш, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон аз мушкилиҳои доғ, аввалдараҷа ва хос барои ҳама Осиёи Марказист, вале кишварҳои минтақа дар ин росто умдатан ба танҳоӣ фаъолият мебаранд:

Дар муддати тӯлонӣ аз сӯи ин давлатҳо созишномаҳои зиёд дар мавриди муборизаи якҷоя бар зидди маводи мухаддир имзо шудааст, аммо механизми иҷрои онҳо ба таври рӯшан муайян нест ва аз ҷониби сохторҳои марбута ба дараҷаи зарурӣ ба иҷро намерасад. Ва имрӯз бо назардошти кочоқи сол то сол афзояндаи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ вақти он расидааст, ки сари механизм созишномаҳои байни давлатҳои ин минтақа ва иҷрои онҳо андеша кунем.

Дар ин маврид Виталий Орозалиев - муовини аввали раиси Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар Қирғизистон низ мегӯяд, дар чаҳорчӯби кишварҳои пешини шӯравӣ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, таҳти сарпарастии Русияву Чин иттиҳоду паймонҳои зиёд таъсис ёфтаанд ва аммо майдон ҳамоно барои фаъолияти амалӣ холист. Аз ҷумла, дар самти муборизаи муштарак алайҳи қочоқи маводи мухаддири Афғонистон, ки тавассути қаламрави ин кишварҳо ба Русиву Аврупо интиқол меёбад:

Ин ҳама қолабҳои сиёсӣ, маъмулан, ба фаъолияти ниҳодҳои амалкунанда таъсири чашмгире намерасонад. Зеро, муқаддам аз ҳама, ниҳодҳои мо амалкунанда аст. Аз ин рӯ, барои мо ҳамкории мустақими корӣ муфидтар аст.

Мулоқоти сарони ниҳодҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба мубориза бо кочоқи маводи мухаддир бори дуюм баргузор мешавад. Нишасти нахуст аввалҳои соли равон дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон сурат гирифта буд. .
Дар ҳамоиши Хуҷанд барои нахустин бор ҳайати Узбакистон низ ширкат дошт. Юсуф Ҷонғозиев - муовини сарвари умури мубориза алайҳи кочоқи маводи мухаддир дар Вазорати Дохилаи Узбакистон гуфт:

Чӣ қадар, ки чунин мулоқотҳо зиёд баргузор шавад, бо иштироки коршиносон ва мутахассисин, ман фикр мекунам, ки ба суди кор аст ва механизми ҳамкорӣ пайдо ва роҳандозӣ мешавад.

Оқои Ҷонғозиев дар посух ба пурсиши Радиои Озодӣ, ки оё қаламрави кишвари худро низ аз роҳҳои масирҳои аслии кочоқи маводи мухаддири Афғонистон меҳисобад, гуфт, бале, ҳар кишваре, ки бо Афғонистон марзи муштарак дорад, хоҳад-нахоҳад масири интиқоли маводи мухаддир маҳсуб мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мутаносибан аз қочоқи 4 ва 3 тонна маводи мухаддир, ки қисмати умдаи он героин мебошад, ҷилавгирӣ шудааст. Ниҳодҳои масъули Узбакистон бошад тақрибан 950 кило маводи мухаддир, аз ҷумла, 250 килон героинро мусодира кардаанд.
Ширкатдорони нишаст заъфи ҳамоҳангӣ дар фаъолияти ниҳодҳои марбутаи давлатҳои Осиёи Марказиро аз омилҳои муҳиме арзёбӣ карданд, ки натиҷаи кори онҳоро поин мебарад. Анатолий Виборов - раҳбари Кумитаи мубориза бо тиҷорати маводи мухаддири Вазорати умури дохилаи Қазоқистон вазифаҳои ҳалталаби ниҳодҳои масъули мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказиро ингуна баён кард:

Дар навбати аввал, таъсиси бонки иттилоотии ягона дар бора афроди гумонбар ба содири ҷиноёти қочоқи наркотик, афроде, ки барои ин ҷиноят ҷазо гирифта, вале дубора ба он даст задаанд ва муҳимтар аз ин - таҳияи бонки иттилоотӣ дар бораи маводи мухаддир, таркиб ва макони тавлиди он.

Виталий Орозалиев - муовини аввали раиси Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар Қирғизистон афзуд, ки бо техникаи муосир таъмин набудани ниҳодҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир низ фаъолияти онҳоро душвор месозад.
Дар назар аст, ҳамоиши навбатии сарони ниҳодҳои мубориза бо қочоқи маводи мухадири Осиёи Марказӣ баҳори соли оянда баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG