Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озодиҳои зери ҳиҷоб?


Дар гузориш омадааст, ки тайи як соли ахир вазъи озодиҳои мазҳабӣ зиёд тағйир нахурдааст, ҳукумат чун пештара фаъолияти гурӯҳҳои мазҳабиро таҳти назорат қарор дорад, то онҳо ба сиёсат ваё гурӯҳҳои ифротгаро напайванданд. Дар ин давра Кумитаи дини Тоҷикистон аз теъдоди зиёди масоҷиди бидуни иҷоза бунёдшуда хабар дод ва бархе аз онҳоро баст. Айни ҳол дар Тоҷикистон 2885 масҷид ва аз ҷумла 238 масҷиди ҷомеъ мавҷуд аст.
Дар гузориш омадааст, соли равон пайравони гурӯҳи сабти номнашудаи "Салафия" аз худ дарак доданд ва ба намозгузорӣ дар масоҷиди Душанбе ва Хатлону Суғд шурӯъ карданд. Дигар гурӯҳҳои мазҳабӣ ва ҳукумат дар баробари фаъолияти салафиён аз таҳаммул кор гирифтанд.
Ҳикматулло Сайфуллозода - узви раёсати Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ҷомеъа ин гурӯҳро таҳаммул мекунад, вале бархе аз мазҳабиён мутмаинанд, ки ҳадафи аслии ин гурӯҳ - барангехтани низоъ миёни мардуми суннимазҳаб аст:

Салафи солеҳин, яъне ҷонибдорӣ аз исломи замони ҳазрати Паёмбар, аз ҳамон исломи поку покиза. Назари ман ин аст, ки онҳо фақат номи худро Салафӣ гуфтаанд, манбаъ аз он ҷо манша мегирад, вале худи онҳо дастнишондаи гурӯҳҳое ҳастанд, ки маблағ пардохт мекунанд ва ворид мекунанд ба ҷомеъаи муслимин, ки як гуна ихтилоферо бар заминаи мазҳаби аҳли суннат ба вуҷуд оварад. Салафиҳо ҳамин аз ҳамин мазҳаб ҳастанд, метавонанд ҳанафӣ бошанд, шофеъӣ бошанд, моликӣ бошанд, вале пайравӣ аз ҳамон мактаби Салафӣ кунанд. Он гуна, ки Ҳизбуттаҳрир дастнишондаи Ғарб ҳаст, Салафия низ метавонад чунин як дастнишонда бошад.

Дар гузориши Бюрои масоили демократия, ҳуқуқи башар ва кори Иёлоти Муттаҳида омадааст, айни ҳол Кумитаи дини Тоҷикистон 84 гурӯҳи ҷонибдорони адёни дигарро сабти ном кардааст. Дар кишвар 230 ҳазор масеҳиён ба сар мебаранд ва бештари онҳо маросимҳои мазҳабии худро дар Калисои русӣ анҷом медиҳанд. Ҳамчунин дар Тоҷикистон панҷ ибодатгоҳи баптистҳо, ду калисои католикӣ, ибодатгоҳи протестантҳои куриёгӣ, ҳамчунин гурӯҳҳои Баҳоиён, зардуштиҳо, кришнаиҳо ва яҳудиён номнавис шудаанд. Бештари пайравони адёни дигар дар пойтахт ва шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ба сар мебаранд.
Ва аммо, тибқи гузориш, дар Тоҷикистон хушунат алайҳи намояндагони дигар адён низ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, соли равон ягона канисо ваё синагогаи яҳудиҳо дар маркази шаҳр тахриб шуд. Канисо дар минтақае ҷойгир буд, ки он ҷо Кохи Миллат бунёд мешавад. Шаҳрдорӣ барои канисо дар дигар минтақаи шаҳр замин ҷудо кард ва аммо бо далели он ки дин аз давлат ҷудост, аз пардохти маблағи ҷуброни бинои тахрибшуда сарпечӣ намуд.
Муаллифони гузориш ҳамчунин аз сарнавишти паноҳандагони масеҳиҳои Эрон ёд оварданд, ки зимистони соли 2005 ум ба кишвар омаданд. Мақомоти Тоҷикистон ба онҳо барои зист дар Душанбе иҷоза надоданд ва онҳо дар канори пойтахт мустақар шуданд. Паноҳандагон пайваста мавриди таҳдиди сокинони маҳаллӣ ва атфолашон дар мактаб мавриди таҳқир ва ҳатто лату кӯби ҳамсолонашон қарор мегирифтанд. Сафорати Эрон дар Тоҷикистон низ бо паноҳандагон бо лаҳни таҳдид ҳарф мезад. Ва аммо ҳукумат ин ҳамаро нодида мегирифт. Паноҳандагони иронӣ моҳи апрели соли равон бо кумаки барномаи муҳоҷирати ҳукумати Иёлоти Муттаҳида Тоҷикистонро тарк гуфтанд.
Дар гузориш оид ба вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон омадааст, дар кишвар мубаллиғони дигар адён аз кишварҳои Ғарб ва Куриёву Ҳиндустону дигар мамолик низ ҳузур дорад, ҳарчанд теъдодашон бузург нест. Баъд аз истиқлоли Тоҷикистон, ба иттилоъи Кумитаи дин, ҳудуди 3 ҳазор нафар ба дини масеҳӣ ва дигар адён пайвастаанд. Ҳамзамон, тибқи гузориши Бюрои масоили демократия, ҳуқуқи башар ва кори Иёлоти муттаҳида, далелҳои ҷилавгирӣ аз фаъолияти мубаллиғони дигар адён низ мавҷуданд - аз ҷумла, моҳи майи соли равон кормандони милиса нӯҳ тан аз мубаллиғони гурӯҳи "Шоҳидони Иеҳова"-ро бо як мошин адабиёти таблиғотӣ боздошт карданд. Онҳо фақат баъди се чор соати бозпурсӣ раҳо шуданд. Ва аммо, дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо Ҳикматулло Сайфуллозода, ҳукумат ба таблиғи мазҳабҳои дигар мухолиф нест.

Мубаллиғони адёни дигар ваё миссионерҳо дар Тоҷикистон зиёданд ва метавон гуфт, ки чунин як мушкил дар ҷомеъаи Тоҷикистон мавҷуд аст. Мақомоти ҳукуматро наметавон гуфт, ки ҷонибдор ҳастанд ё зидди ин кор. Дар баъзе маврид эҳсос мешавад, ки баъзе аз мақомот ба ин гуна таблиғот мухолифат доранд ва аммо дар маҷмӯъ Кумитаи дин дарро ба рӯи онҳо боз кардааст ва ҳавасмандӣ ҳам намоиш медиҳад, ки миссионерҳо бошанд, то ки коҳиш диҳанд нуфузи исломро дар ҷомеъаи Тоҷикистон. Аммо имрӯз ин Кумита, ки ба мушкил мувоҷеҳ шудааст, дар тарҳи ахиран таҳия ва ба ҳукумат пешниҳодшуда (тарҳи нави Қонуни дин ва созмонҳои мазҳабӣ - РО) маҳдудиятҳо дар робита ба ин мубаллиғон ҷой дода шудааст.

Ва аммо масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон аз сӯҳбат дар мавриди он ки ба тарҳи қонуни нав чӣ гуна тағйирот ва аз ҷумла, кадом маҳдудиятҳо ворид шудаанд, сарпечӣ карданд. Муовини раиси кумита Тоҳир Рашидов ҳатто мавҷудияи ин гуна тарҳро инкор кард:

Ягон хел лоиҳа тайёр нашудааст, ба ягон ҷо пешниҳод нашудааст. Ягон хел лоиҳа ҳам нест, ягон қонун ҳам нест.

Ба иттилоъи Бюрои масоили демократия ва ҳуқуқи башари Иёлоти Муттаҳида, тибқи тарҳи Қонуни нави дин ва созмонҳои мазҳабӣ аз ҷумла, теъдоди намозгузороне, ки барои сабти номи масҷиди ҷомеъ зарур аст, боло бурда мешавад, ба атфоли то 7 сола омӯхтани дин мамнӯъ хоҳад шуд ва созмонҳои мазҳабӣ дар маросимҳои сиёсӣ ширкат нахоҳанд кард.
Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки Кумитаи дини Тоҷикистон ширкати шаҳрвандон дар маросими ҳаҷро таҳти назорати қатъӣ қарор дорад. Пеш аз сафар зоирин бояд дар Кумитаи дин сабти ном шаванд. Барои ҳар ноҳия, ба таври ғайрирасмӣ, теъдоди мушаххаси зоирон муқаррар шудааст ва аз ин рӯ мақомоти масъули сабти номи зоирин даст ба ришватхорӣ задаанд.
Бюрои масоили демократия, ҳуқуқи башар ва кори Иёлоти Муттаҳида ишора мекунад, ки дар Тоҷикистон дигар далелҳои помолшавии ҳуқуқи афроди мазҳабӣ низ ошкор шудаанд. Аз ҷумла, рад шудани бо ҳиҷоб барои шиноснома акс гирифтани занон. Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки теъдоди ин гуна занҳо андак аст. 19 октябри соли 2005 вазорати маорифи Тоҷикистон бо ҳиҷоб ба мактаб рафтани духтаронро манъ кард. Дар баъзе манотиқ духтарони ҳиҷобпӯшро аз мактаб хориҷ карданд. Ҳамзамон талошҳое барои аз масҷид дур кардани толибилмон низ сурат гирифтанд. Кормандони пулис толибилмонро дар даромадгоҳи масҷидҳо боздошт мекарданд. Дар гузориш гуфта мешавад, ин амали пулис бо изҳороти ҳукумат баста дошт, ки кудакон бояд давоми рӯз дар мактаб ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Муаллифони гузориш нигоштаанд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз ғояи давлати дунявӣ пуштибонӣ мекунад, ки ин вожа дар Тоҷикистон бештар чун "давлати зиддиифротгароӣ" ва "давлати ҷудо аз мазҳаб" ташреҳ мешавад. Дар ҳоле, ки бештари аҳолии кишвар худро мусалмон мехонанд, миёни ҳукуматдорон ва мардуми оддӣ ҳаросе аз ифтрогароии исломӣ ба чашм мерасад. Ва шояд аз ин ҷост, ки ҳукумат ба ҷуз, Қуръони Шариф, чопи дигар китобҳо бо ҳуруфи арабиро мамнӯъ эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG