Пайвандҳои дастрасӣ

Федеросиюни футболи Тоҷикистон - муддаъии ҷоизаи AFC


Федеросиюни футболи Тоҷикистон муддаъии ҷоизаи АFС - Конфедеросиюни футболи Осиё барои беҳтарин созмони миллии футболи қора дар соли 2006 мебошад.

Мирзо Маҳмадҷонов, муовини раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт:
«Тимҳои футболи кишвар соли равон комёбиҳои назаррас ба даст оварданд. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон барандаи Ҷоми даъвати AFC гардид. Тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба бозии ниҳоии Ҷоми раиси AFC роҳ ёфт. Ҳамчунин имсол тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон барандаи медоли биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё гардида, ба қисмати ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2007 байни бозигарони то 17-сола роҳхат гирифт.»

Дар баробари Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ҳамчунин созмонҳои футболи Австралия, Чин, Куриёи Шимолӣ ва Ҷопон муддаъиёни ҷоизаи Конфедеросиюни футболи Осиё мебошанд.


Ва як хабари дигар. Варзишкорони Тоҷикистон дар мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба варзиши сабук дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон се медоли тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Ғайрат Неъматов, дабири кулли Федеросиюни варзиши сабуки Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқоти анъанавӣ варзишкорони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат карданд. Намояндаи шаҳри Душанбе Игор Хан дар давидан ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 11,56 сония мақоми аввалро касб кард. Вай, ҳамчунин дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 23,46 сония ғолиб омада, соҳиби дуввумин медоли тиллои ин мусобиқот гардид. Намояндаи дигари Тоҷикистон Сироҷиддин Самадов масофаи 200 метрро дар муддати 23,55 сония тай карда, бо медоли нуқра сарфароз шуд. Ӯ дар давидан ба масофаи 400 метр низ бо натиҷаи 53,18 сония ба гирифтани медоли тилло сазовор гашт. Боз як варзишкори тоҷик Руслан Мадалиев дар давидан ба масофаи 800 метр бо натиҷаи 2 дақиқаю 7,95 сония медоли биринҷӣ ба даст овард.
XS
SM
MD
LG