Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумо бо сиёсат чӣ бархурде доред?


Салом ба ҳамаи мухлисони ин сафҳа. Дар Тоҷикистони мо сиёсатро надонистан ё майл надоштан ба сиёсат ин худаш аз рӯи сиёсат аст, яъне касе аз сиёсат дур аст, ӯ аз сиёсат бисёр бохабар аст. Чунки даст ба сиёсат задан ё дунболи сиёсат будан ин ҷустани марги худ аст. Бо эҳтиром
Ҳамсадо
---------------------------------------

Салом, радиои Озодӣ. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи ба сиёсат даромадан ва сиёсат карданро дорад. Ин мавриди дар Сарқонун баён шудааст. Аммо дар ҳақиқат, одамон аз паси рӯзгор мебошанд, то ки ба хонаашон нон баранд. Барои ҳамин, қариб 1.5 миллион шаҳрвандамон давлатҳои хориҷиро обод карда гаштаанд, на ватанамонро. Чунки дар Ватан ҳамчун бегона рафтор мекунанд бо онҳо... То пеши ин ғоратгарии халқи худро нагирем, мардум ба сиёсат майл пайдо намекунад. Хулоса он аст, ки барои сиёсат кардан шиками одам бояд сер бошад. Ин дар Ватани гул-гулшукуфонамон нест. Ё ин ки шикам хеле ҳам гурусна шавад, инқилоб дар назди дарвоза мешавад. Дар натиҷа ҳуқумат хоҳад ё нахоҳад, халқ дар сиёсат сухани охирро мезанад... Бо эҳтиром
Дипломат
---------------------------------------

Салом ба ҳамагӣ! Хуб дар Тоҷикистон азҳони мардум аз сиёсат дур аст. Чӣ боис мешавад? Асосан таҳсилот дар сатҳи поён аст, ки донишҷӯ ҳатто дар мавриди масоили дарсиаш наметавонад, фикр кунад, пас чи расад ба фикри сиёсӣ. Масалан, ки агар бо ҷавонҳо сӯҳбат кунед, воқеан малум мешавад ки аз сиёсат аслан хабаре надоранд. Имрӯза мардум аз сиёсат на ин ки хаста шудаанд, балки дар ҳаросанд. Пас агар битавонем, ин тарсро решакан кунем, ба натиҷаҳои мусбат хоҳем расид. Аз инки мардум аз сиёсат тарс доранд, мусаллам аст ки мушорикат ҳам нахоҳанд дошт. Вале ғайр аз ин ҳам одамони зиёде ҳастанд, ки сиёсатро хуб мешиносанд, вале медонанд ки мушорикати онҳо нақши муҳиме нахоҳад дошт.
kiano
---------------------------------------

Ассалому алейкум. Мардуми тоҷик мо имрӯз аз сиёсати кишварамон назар ба солҳои гузашта хабардортар ҳастанд. Чи хеле ки бародарам Рустам гуфт, мардум каме ноумед ҳастанд, аз сабаби он ки озодона дар бораи ҳукумат сухан гуфта наметавонанд. Агар тавонанд ҳам метарсанд, вале ман боварӣ дорам, ҳукумати мо тарафдори демократия ҳаст ва шохаи калонтарини демократия ин озодона фикрбаёнкунии шаҳрвандон аст. Боварии комил дорам, ки мардумамон дар солҳои наздик дарк мекунанд, ки аз ҳукумат тарсидан шарт нест, аз ҳукумат талаб кардан даркор. Ҳукуматро мо халқ интихоб мекунем, то ки онҳо зиндагии моро беҳтар кунанду моро муҳофизат кунанд. Бо эҳтиром
Тоҳир
---------------------------------------

Салом, дӯстдорони бахши Озодӣ. мардуми тоҷик муддати 70 сол зери иттилоъи шӯравӣ буд ва ба ҳама маълум аст, ки дар он замона на озодӣ буду на ҳуррият. Пас чи гуна мардум аз сиёсат хабардор шавад? Баъд аз истиқлол ду сол каме озодӣ буд ва дар он вақт каме мардум аз зиндон озод шуда буданд. Чун ҳокимони вақт диданд, ки ин ҳуррият ба зарари онҳост, хестанду мардумро ба сӯи ҷанг пеш карданд. аз ин сабаб мардум дигар ғайр аз зиндагишон дигар ба ҳеч чиз фикр намекунанд ва ин буд сабаби дурии мардуми мо аз сиёсат ва ноогоҳиашон аз ҳуқуқи худашон... дар кишварҳое, ки андак озодӣ ҳаст, мардуми он ҷо аз сиёсат бохабар ҳастанд...
Қурбон
__________________________

Салом. Ман мутмаиннам, ки 99 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон огоҳона аз сиёсат дур ҳастанд. Ҷанги шаҳрвандии ахир ва бераҳмиҳои намояндагони ҳукумати кунунӣ дар он, ҳамчунин ҳушдорҳои маънодори ҳукумат, аз қабили "Ваҳдат" (ки барои одамон ҳаммаънои "ваҳшат" шудааст), оромишу амонӣ ва ба бесуботиву "нооромӣ" (ҷанги нави шаҳрвандӣ) ва намоиши худкомагии берӯву риё ва қудрати номаҳдуд аз ҷониби "соҳибони давлат", ҳамчунин набудани ҳатто бӯе аз ҳавои демократияву давлати ҳуқуқбунёд бадеҳист, ки иродаи ин мардумро таҷовузу хунсо кардааст. Ин мардум метавонанд барои кадом як Ораши музҳик ба шӯру ғазаб биёянд, вале вақте ки ба рӯяшон бо поймол кардани ҳуқуқашон (аз қабили озодии баёну доштани фикри худ ва пеш аз ҳама, ҳаққи интихоб кардану интихоб шудан) туф мекунанд, таҳаммул мекунанд... Мо кайҳо ба рамаи гӯсфанд табдил ёфтаем...
Алишер, донишҷӯи ДДМТ
__________________________

Салом. Ба назари ман, мардум ба хотири ин ба сиёсат бемайл ҳастанд, ки раъйи онҳо ҳаргиз ба назар гирифта нашудааст ва дар тасмимгириҳои ҳукумат мардум аслан нақше бозӣ намекунанд. Агарчанде ки ҳукуматдорон ва сиёсатмадорон ҳамеша аз номи миллат суҳбат мекунанд. Сатҳи иттилоърасонӣ бисёр поин аст. Мардум аз вазъи сиёсии дохилӣ ва хориҷӣ бехабар ҳастанд. Имрӯз дар кишвари мо камтар касеро пайдо мекунӣ, ки битавонад як масъалаи сиёсиро таҳлил кунад.
Halimufb
__________________________


Дуруд нисори ҳаммеҳан! Нигоҳи бархе аз коршиносон дар мавриди камкорӣ ва камрағбатии шаҳрвандон нисбат ба масъалаҳои сиёсӣ дуруст аст. Суханамро аз ин нукта оғоз мекунам. Ба гуфтаи донишманде, имрӯза дунё "деҳкадаи ҷаҳонӣ" ном ба худ гирифтааст. Медонед сабаб дар чист? оре, посух додан ба ин пурсиш худ гиреҳгушои хеле аз масъалаҳост. Посух ва сабаб дар он аст, ки он қадар нақши иттилоърасонӣ дар ҷомеъаи ҷаҳонии кунунӣ боаҳамият аст, ки метавон онро оксижени зинда монадни башарият шуморид. Аммо нуктаи муҳимтар ин ҷост, ки дар ҷомеъаи мо суҳбатҳо бобати мушкилот ва масъалаҳои ҷомеъа зиёд аст, вале сабабҳои бавуҷудоварандаи ин мушкилот аз дидгоҳи таърихӣ, равоншинохтӣ ва ҷомеъашиносиаш коршиносона таҳқиқ ва баррасӣ намешавад ва бо андӯҳ метавонам бигӯям, мо он таҷрубаеро аз сар мегузаронем, ки Урупо дар қарнҳои миёна аз сар мегузаронид. Яъне ин ки ба натиҷаҳо бештар таваҷҷукҳ медиҳем, на ба бавуҷудоварандагони натиҷаҳо. (Ба маълул таваҷҷуҳ дорем, на ба иллати амр)... Ҳар ҷомеъа сазовори он аҳвол, он шароит, он пирӯзиву он шикасте ҳаст, ки бо он рӯбарӯст. Агарчанде ки бавуҷудоварандагони ин падидаҳо бегонагон бошанд, хоҳ худи онон. Вале ин рӯҳия зодаи имрӯзу дирӯз нест, балки солҳои тӯлонии замони шӯравӣ, ки ҳафтод соли зиндагии ҷомеъаи моро ба худ ихтисос дод, буд...
Азиз, Эрон
__________________________

Ба назари ман, мардум аз рӯи он ки наметавонанд дар вазъи сиёсии кишвар нақш дошта бошанд ва ё раъйи онҳо ба назар гирифта намешавад, ноумед ҳастанд. Ва ин ноумедӣ онҳоро бемайл кардааст.
Рустам
__________________________

Бале. Мардуми мо тамоман ба сиёсат рабт надоранд. Ҳатто ҳуқуқи худро намедонанд. Чунки ин мардумро чунон кардаанд, ки ба ғайр аз зиндагиаш дар бораи дигар чиз бояд фикр накунад. Ҳизбҳои сиёсиамонро намемонанд, ки бо мардум вохурӣ кунанд. Созмонҳои сиёсии донишҷӯён фаъол нест. Донишҷӯён ҳам умуман саводи сиёсӣ надоранд. Ва дар ҳамин интихобот ҳам 30-40 дарсади мардум ширкат нахоҳанд кард. Ман дар панҷ соли донишҷӯиям надидаам, ки боре донишҷӯёнро ба интихобот даъват карда бошанд. Яъне дуруст аст, ки донишҷӯён ҳам ба мисли мардикорон аз ҳаққи додани раъй маҳруманд.
Нуфарн


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG