Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳо бо раъйдиҳандагони вилоёт дидор мекунанд


Ришта-дидорҳои номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо раъйдиҳандагон дар минтақаҳо тибқи як барномаи Кумисиюни Марказии Интихобот оғоз шуд.


Баъд аз зуҳри 20 октябр чаҳор номзад ва шахси мавриди эътимоди Эмомалӣ Раҳмонов пас аз анҷоми як мулоқот бо интихобкунандагон дар ноҳияи Рӯдакӣ ба Бадахшон сафар карданд.


Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи Кумисиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) ба сомонаи Озодӣ хабар дод, КМИР як барномаи дидорҳои номзадҳо бо интихобкунандагонро таҳия кардааст ва ҳамакнун, бино ба ин барнома, номзадҳо ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон сафар карда, бо интихобкунандагон мулоқот анҷом медиҳанд. Дар ин мулоқот ҳамаи номзадҳо ба истиснои раисиҷумҳури феълӣ ширкат доранд ва шахси мавриди эътимоди Эмомалӣ Раҳмонов аз ӯ намояндагӣ хоҳад кард.


Ба гуфтаи оқои Додоҷонов, номзадҳо аз Хоруғ ба Рашт сафар мекунанд. Рӯзҳои 27-28 октябр дар вилояти Суғд ва рӯзҳои 30-31 октябр дар вилояти Хатлон дидорҳо барномарезӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG