Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи бунёди нақби Шар-шар



20 октябр бо анҷоми як маросими расмӣ дар ҳаштод километрии Душанбе бунёди нақби Шар-Шар шурӯъ шуд.


Ин нақб, ки тӯлаш 2,3 километр аст, дар ағбаи Шар-шар, дар шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб сохта мешавад ва бино бар гуфтаи коршиносон, роҳ аз пойтахт то Кӯлобро беш аз ним соат кӯтоҳтар менамояд.


Тарҳи бунёди нақби Шар-шар аз ҷониби ҳукумати Чин маблағгузорӣ мешавад ва ҷониби Чин барои анҷоми ин тарҳ тақрибан 30 миллион доллар тахсис додааст. Тоҷкистону Чин дар ин маврид моҳи июни соли 2005 мувофақа намуда буданд. Ва аммо арзиши куллии ин тарҳ 38 миллион доллар мебошад.


Қарор аст, бунёди нақб дар муддати 34 моҳ ба анҷом бирасад.
XS
SM
MD
LG