Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корзори интихоботӣ, баландпарвозиҳои номзадҳо ва қазияи нотамоми демократҳо


Корзори интихоботӣ ва барномаи номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳи аҳзоби сиёсӣ ба ихтилоф ва порашавии ҳизби демократи Тоҷикистон ва назари худи демократҳо ба ин қазия аз мавзӯъҳои аслии шумораи тозаи нашрияҳои чопи Душанбе буд.


Нашрия «Миллат» дар ин шумораи худ сӯҳбати ихтисосӣ бо Исмоил Талбаков, яке аз номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳуриро анҷом додааст. Оқои Талбаков ба суоли он ки «Мегӯянд номзади ҳизби коммунист дастнишондаи ҳукумат аст ва танҳо барои замонасозӣ пешбарӣ шудааст, посух додааст, ки ҳизби коммунисти Тоҷикистон маро пешниҳод кард, ва ҳамин масъулиятро Партияи Коммунистии Тоҷикистон ба зиммаи ман гузошт ва агар ба ёдатон бошад, солҳои давраи шӯравӣ ҳамин хел як шиор буд, ки агар «Партия даъват кунад саф мекашем» ва азбаски партия гуфт ки ҳамин масъулиятро бар ӯҳда гир ман ба зимаи худ гирифтам. Номзади ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз ҳадафи барномаи худ тавсиф карда ва гуфтааст, ки ҳадафи асосии мо, яъне шиори мо аз он иборат аст, ки дар ҷомеа шахси камбизоат ё худ бепаноҳ набошад».


Дар ҳамин ҳол нашрияи «Азия плюс» ба як суол ба чаҳор номзади ҳизбҳо, бидуни ҳизби халқӣ демократӣ муроҷиат кардааст. «Барои чӣ Раҳмонов ба шумо маъқул нест ва бартии худ аз президенти феълиро дар чӣ мебинед» Муаллифи матлаб навиштааст, ки мо ба ин суол ба ҳамаи номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ муроҷиат кардем, аммо пурсиш нишон дод, ки номзадҳои мо ба комилан ба танқиди рақиби аслии худ омода нестанд. Ҳамчунин омода нестанд, ки аз бартарии худ дар муқобили Раҳмонов дар ҳузури мардум ҳарф зананд. Ва ҳатто як нафар аз ин номзадҳо ба муаллифи матлаб машварат додааст, ки ба сифати посух ба суолаш порчае иқтибос аз овезаҳои таблиғотиаш истифода барад.


Дар ҳамин ҳол нашрияи «Миллат» дубора ба қазияи ҳизби демократи Тоҷикистон пардохта ин бор назари масъулини дигар аҳзоб ба ин қазияро нашр кардааст. Нашрияи «Миллат» бо ин сиёсатмадорон суоли «Қотили ҳизби демократ кист»-ро матраҳ кардааст.Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанӯз дар шуруи фаъолияти ҳизби демократ нафароне ба сафи он ворид гаштанд, ки барояшон ангезаҳои шахсӣ болотар аз манофеи ҳизб ва афкори демократӣ меистод ва дар ниҳоят таъсири худро ба ҳизб расонд.


Масъулини ҳизби коммунист низ аз ибтидои таъсис ҳизби демократро ноустувор унвон карда, халқӣ демократҳо ва сотсиалистон гуфтаанд ин кори дохилии ҳизби демократ аст ва намехоҳанд ба кори онҳо дахолат кунанд.
Ва аммо ин дар ҳоле сурат мегирад, ки ихтилофҳо дар дохили ҳизби демократ идома дорад ва ҳафтаи дуввум аст, ки ҳафтаномаи «Адолат», нашрияи ҳизби демократи Тоҷикистон, зери як ном ва як шиноснома ҳам аз сӯи демократҳои Искандаров ва ҳам аз сӯи демократҳои Собиров нашр мешавад.


Демократҳои Искандаров дар сармақолаи ин шумораи худ маҳз ин масъларо мавриди барасӣ қарор додааст. Нашрия менависад адолат дуто буда наметавонад. Танҳо некӣ ва бадӣ метавонад дар сангарҳои мухолифи ҳам қарор бигирад. Муаллифи матлаб навиштааст, ки ман аз даву тозҳои хандаовари ду се нафар то ин замон огаҳ будам ва медонистам, ки онҳо гоҳ ба вазорати адлия медаванд ва гоҳ ба вазорати фарҳанг то ба онҳо кӯмак расонанд, ки Раҷаби Мирзо дигар «Адолат»-ро ба нашр нарасонад. Аммо дар ин вазоратҳо ахиран ба онҳо касе фаҳмонд, ки чунин ваколат ба онҳо дода нашудааст.


Аммо ин дар ҳолест, ки «Адолат»-и демократҳои Собиров дар сармақолаи худ мактуби вазорати адлияи Тоҷикистон дар мавриди ба ҳайси раиси ҳизби демократии Тоҷикистон эътироф кардани Масъуд Собировро нашр намудааст. Ҳамзамон дар матлаби дигаре ихтилофоти дохили ҳизбро ба таҳлил кашида ва навиштааст, ки бемасъулиятии роҳбарон пайванди ду қанот шуд.


Аммо ин дар ҳолест, ки нашрияи «Фактий и комментарий» мусоҳибаи мустақими интернетии Масъулини ҳизби демократи Искандаровро нашр кардааст, ки дар сайти интернетии «Авесто» баргузор шуда буд. Масъулини ин ҳизб дар сӯҳбати интернетии худ гуфтаанд, ки «Ҳукумат хато кард, ки ҳизби демократи Тоҷикистонро зери назорати худ гирифт».

Барот Юсуфӣ, радиои «Озодӣ», Душанбе
XS
SM
MD
LG