Пайвандҳои дастрасӣ

ЮНЕСКО медоли Румӣ зарб мезанад


СВ: Пешниҳоди зарб задани медоли Ҷалолиддини Румиро нахуст намояндагони Афғонистон ва Миср дар Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО матраҳ карданд. Нишасти шӯрои иҷроия ҳафтаи гузашта дар Порис анҷом ёфт. Далели пешниҳод бузургдошти ҳаштсадумин солгарди таваллуди Ҷалолиддини Румӣ дар соли 2007 унвон шудааст. Яке дигар аз далоили он гиромидошти Румӣ ба унвони як шоъир ва файласуфи инсонгарост. Ӯро дар саросари ҷаҳон, ба вижа дар Афғонистон, Ирон ва Туркия хеле арҷ мегузоранд. Ин се кишвар имрӯза Ҷалолиддини Румиро шоъири худ медонанд.

РО: Вале оё медонед, ки Тоҷикистон низ Ҷалолиддини Румиро ба унвони шоъир ва файласуфи худ мешиносад?

СВ: Бале, медонам. Аммо Тоҷикистон дар зумраи кишварҳое набуд, ки пешниҳоди зарб задани медолро карданд. Ман мутмаин нестам, вале фикр мекунам, Тоҷикистон дар Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО намояндае надорад. Ин шӯро, ки ду бор дар сол нишаст тартиб медиҳад, танҳо 58 узв дорад. Кишварҳое, ки пешниҳоди медолро ироа карданд, аз ҷумлаи аъзои ин шӯро ҳастанд. Ман фикр намекунам, ки Тоҷикистон ҳам узви Шӯрои иҷроия бошад ва аз ин рӯ номи Тоҷикистонро дар миёни кишварҳое ҳам намебинем, ки аз ин ибтикор пуштибонӣ карданд.

РО: Оё ин медол ба касе тақдим хоҳад шуд ва ҳукми як ҷоизаро дорад ё чи тур?

СВ: ЮНЕСКО ба таври муназзам медолҳои ёдбуд зарб мезанад ва ин медолҳо дар дукконҳои ҳадяфурӯшии ЮНЕСКО ба фурӯш меравад. Маболиғи ҳосил аз фурӯши ин медолҳо дар тарҳҳо ва корзорҳои мухталифи ЮНЕСКО ҳазина мешавад. Ин медолҳоро баъзан мудири кулли ЮНЕСКО ба ҳангоми дидор бо раҳбарони давлатҳо, вазирони кишварҳо ё афроди муҳимми дигар дар мақарри ЮНЕСКО ба онҳо тақдим мекунад.

Пас аз поёни ин гуфтугӯ Сйу Вилямз, сухангӯи ЮНЕСКО дар Порис, лутфе карду ба феҳрести кишварҳои узви Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО нигоҳе андохт ва хиёли моро роҳат кард, ки чун Тоҷикистон воқеъан ҳам дар ин шӯро узвият надорад, на дар пешниҳоди зарб задани медоли Ҷалолиддини Румӣ ва на дар ҳимоят аз ин ибтикор нақше надоштааст.
XS
SM
MD
LG