Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳукумате, ки Мерседесатро мегирад ва бар ивазаш дучарха медиҳадат"


Тибқи қарори додгоҳ 41 хонаводаро дар кӯчаҳои Бохтар ва Шота Руставелии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, воқеъ дар атрофи бинои ҳукумати шаҳри Душанбе аз манзилҳояшон берун карданд. Ва як қисмати ин манзилҳоро ҳамвор карданд.

Ин дар ҳолест, ки кулли соҳибони ин манзилҳо ба таври қонунӣ беш аз 10 то 20 сол дар ин манзилҳо шахсии худ иқомат ба сар бурдаанд ва ин ҳавлиҳо аз 30 то 200.000 доллари амрикоӣ арзиш доштаанд. Сокинони хонабардӯши хиёбони Бохтар мегӯянд, ба ивази ҳавлиҳои калону гаронбаҳояшон шаҳрдории Душанбе ба онҳо дар як канори дурдасти пойтахт манзилҳои 2, 3 ва 4 ҳуҷрагиро бидуни шароити мувофиқи будубош пешниҳод кардааст.

Аммо Мирзо Тағоев, мудири бахши манзилии ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, сокинони ин манзилҳо ғайриқонунӣ хонаҳояшонро бозсозӣ кардаанд ва манзиле, ки ба онҳо пешниҳод шудааст, тибқи масоҳат ва шароити қаблии ин манзиҳо пешбинӣ шудааст. Ҷаноби Тағоев афзуд, замини манзилҳое, ки дар ду канори кӯчаҳои Бохтар ва Шота Руставели ҷойгиранд, ба нақшаи умумии бозсозии шаҳрдории Душанбе ворид шудааст.

«Вақте ин мардум ин хонаҳоро хариданд, онҳо барачний тиб ё хурд -хурд буданд. Ба онҳо гуфта будем, ки ин хонаҳоро нафурӯшанд ва аз нав насозанд, аммо гӯш накарданд.»

Гулмуҳаммад Ёров, раиси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мегӯяд, иддаъои сокинони манзилҳои ҳамворкардашуда нодуруст аст ва тасмими ҳукумат ва додгоҳ аз руйи қонун амалӣ шудааст.

«Тамоми коре, ки дар нисбати ин мардум шудааст, аз руйи қонун анҷом ёфтааст. Ин ҷо ҳуқуқи ҳеҷ кас помол нашудааст.»

Намояндагони дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе тибқи муроҷиати сокинони хонабардӯши кӯчаҳои мазбур ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Паём Фуруғӣ, намояндаи дафтари ҳуқуқи башари САҲА чунин тасмими шаҳрдорӣ ва додгоҳро дар мавриди сокинони кӯчаҳои Бохтар ва Шота Руставелии пойтахт, нақзи ҳуқуқи инсон унвон кард. Ҷаноби Фуруғӣ гуфт, дар мавриди ин шаҳрвандони худ ҳукумати Тоҷикистон натанҳо қавонини байналмилалӣ, инчунин қонунҳои ҷории Тоҷикистонро низ сарфи назар кардааст.

«Ба монанди он аст, ки аз як кас мошини Мерседес бигирӣ ва ивазаш ба вай дучарха диҳӣ. Ба назари ман, ҳуқуқи ин мардум аз чанд ҷиҳат помол шудааст. Ҳуқуқи иқтисодӣ, манзилӣ ва шаҳрвандии ин афрод нақз шудааст.»

Ҷаноби Фурӯғӣ инчунин афзуд, дар 9 моҳи соли равон ба дафтари ҳуқуқи башари САҲА, шумори зиёди шаҳрвандони Душанбе бо чунин шикоят муроҷиат кардаанд.

Сокинони хонабардӯши кӯчаҳои Бохтар ва Шота Руставели ниҳоят ба Додгоҳи конститусионии кишвар шикоят бурдаанд ва феълан мунтазири ҳукми ин ниҳоди баландпояи давлатӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG