Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон


Бино ба иттилоъи вазорати молияи Тоҷикистон ҳаҷми қарзи хориҷии ин кишвар дар нимсолаи дуввуми соли равон 1 миллиону 81 ҳазор доллар афзоиш ёфтааст. Ин матлаб ахиран дар нишасти хабарии вазорати молия ва ё дороии Тоҷикистон расман эълом шуд.


Сафаралӣ Наҷмиддионов вазири дороии Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт дар ҳоли ҳозир маблағи қарзи берунаи ин кишвар ба 830 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки ин маблағ 32 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Оқои Наҷмиддинов гуфт қисмати аъзами воми хориҷии кишвар,яъне 510 миллион доллари амрикоӣ ба ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиё, Бонки исломӣ ва Кумисюни иттиҳоди аврупо рост меояд.


Вазири молияи Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ҳаҷми қарзи мустақими давлат беш аз 720 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ин миён ба гуфтаи оқои Наҷмиддинов 32 миллион доллар аз роҳи тазмин ва 14 миллион доллари амрикоӣ бидуни ироаи тазмин дарёфт шудааст.


Ҳамчунин бар асоси тавофуқоти байнидавлатӣ Тоҷикистон муваззаф аст маблағи 6 миллион доллари амрикоиро ба унвони қарз бо давлати Чин тасфияи ҳисоб кунад,
Бино ба омори вазорати молияи Тоҷикистон дар миёни кишварҳои хориҷӣ ин кишвар аз ҳама бештар 82 миллион доллари амрикоӣ аз Узбакистон қарздор аст. Ҳамзамон қарзи Тоҷикистон дар баробари Русия 36 миллион ва Туркия 12 миллион доллари амрикоӣ боқӣ мемонад.


Ин дар ҳолест, ки тобистони соли ҷорӣ давлати Чин эълом дошт як маблағи 600 миллион долларӣ ба унвони эътибори дарозмуддат дар ихтиёри давлати Тоҷикистон қарор медиҳад. Ин қарз дар назар аст ба манзури рушди соҳаи кишоварзӣ, маориф, роҳсозӣ ва беҳдошти Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирад
Аммо ин қарз гуфта мешавад танҳо баъд аз ду сол шомили қарзи умумии хориҷии Тоҷикистон мегардад.
XS
SM
MD
LG