Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натиҷаи ҳамапурсии соли 2003 дар Тоҷикистон


(Бахшҳои марбут ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ) Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

37. Дар моддаи 65:

қисми дуюм дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз даҳ соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад.»

дар қисми чорум калимаҳои «як мӯҳлат» ба калимаҳои «ду мӯҳлат» иваз карда шаванд.


56. Муқаррароти интиқолӣ

1. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ва аз рӯзи интишори расмиаш эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.
2. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки то ворид намудани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекарданд, дар он қисме, ки ба тағйиру иловаҳо мухолиф нестанд, амал мекунанд.
3. Интихоби пай дар пайи Президент барои ду мӯҳлат, ки дар қисми чоруми моддаи 65 пешбинӣ шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оғоз меёбад.
XS
SM
MD
LG